
Тавре торномаи Сентразия хабар додааст, ки ваксинаҳое, ки бар зидди бемории фалаҷ дар кӯдакон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буд, бештари кишварҳои ҷаҳон онро манъ хонда буданд.
Коршиносони масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки истифодаи навъе аз ваксинаи озмоишии фалаҷи атфол ба кӯдакони тоҷикистонӣ равона шудааст, дар бисёр кишварҳо истифодаи он манъ будааст.
Анвар Одинаев, дар гузоришаш ба торнамои "Centrasia", гуфтааст, ки бо далели хатокории кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Тоҷикистон ва таблиғи дурӯғини шабакаҳои ҷосусии бархе кишварҳои ғарбӣ бо баҳонаи вуҷуди бемории фалаҷи атфол дар соли 2010 ваксинаи озмоишие аз тариқи созмони ЮНИСЕФ ба кӯдакони тоҷик тазриқ шуда, ки истифодаи он дар бештари кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ аст.
Ин коршиноси тоҷик бо баёни ин ки Тоҷикистон дар ин ҳодиса қурбони бозиҳои қудратҳои рақиб дар Осиёи Марказӣ шудааст, гуфт: ин озмоиш дар ҳоле анҷом гирифт, ки бар асоси гузориши Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор гирифтааст, фалаҷи атфолро решакан кардааст.
Одинаев таъкид кардааст, ки пизишкони рус ба ҳамтоёни тоҷики худ борҳо дар бораи истифода аз ин ваксинаи хатарнок барои кӯдакони ҳушдор дода буданд, аммо ба ин ҳушдорҳо таваҷҷуҳ нашуд ва истифода аз ин ваксина омори маргумирро дар миёни кӯдакони тоҷик афзоиш дод.
Вай афзудааст: пас аз ин рӯйдод Собир Қурбонов ва Акбар Зоҳидов, ду кормандони бумии ЮНИСЕФ ба Амрико паноҳанда шуданд ва касе посухгӯи ин иқдоми ваҳшиёна алайҳи кӯдакони тоҷик нест.