
Ахтаршиносони ҷаҳон аз наздикшавии бузургтарин астероид ба Замин дар ғафлат монданд.Раёсати миллии таҳқиқоти кайҳонӣ (НАСА)-и ИМА аз кашфи бузургтарин астероиде хабар дод, ки қарор аст 31-уми октябри соли равон аз паҳлуи Замин убур кунад. Олимон ба ин ҷирми осмонӣ 2015 TB145 унвон додаанд.Дар хабари НАСА гуфта мешавад, ки ин ҷирми осмонӣ ҳоло бо суръати 35 километр дар як сония дар ҳоли ҳаракат аст. Ин аввалин ҷирми осмонист, ки зарфи даҳ соли охир ба ин бузургӣ ва ба масофаи хеле наздик аз Замин убур мекунад. Олимон мегӯянд чун он аз Замин ба масофаи 499 ҳазор километр дур мегузарад, барои сокинони Сайёра хатаре нахоҳад дошт.
Нашрияи британиёии The Mirror навиштааст, ки қутри астероид аз 280 то 620 метр аст. Ба ин бузурги ҷирми осмонӣ аз қаламрави назик ба Замин боз баъди бештар аз 10 сол, дар соли 2027 убур хоҳад кард. Аммо ба астероиди 2015 TB145 шабеҳ соли 2006 аз назиди Замин гузашта буд. Директори расадхонаи Русия Сергей Язев дар суҳбаташ бо “Комсомолская правда” гуфтааст, ки ҳарчанд андозаи ин ҷирми осмонӣ хеле бузург аст, вале чун он аз масофаи бештар аз 480 ҳазор километр мегузарад, барои сокинони сайёраи мо хатаре надорад. Ин олим гуфтааст, ки соли 2013 як чунин ҷирми осмонӣ ба андозаи 17 метр дар қаламрави Челябинск уфтода буд. Хушбахтона, он замон ин астероид дар фазо инфиҷор ёфта буд, вале боз ҳам ба одамон зарар расонд, хонаҳоро такон дод, шишаҳои тирезаҳоро шикаст. Аммо ба таъкид гуфта мешавад, ки вай як шиҳоби кучаке буд, астероиде, ки ҳоло мегузарад бештар аз 40 баробар бузургтар аз он аст.