
Аввалин сафари расмии Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ дар Тоҷикистон идома ёфта, шоми имрӯз ба анҷом мерасад. Қарор аст боздиди нахуствазири Ҷопон дар Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон идома ёбад.
Солҳои охир хамкории Точикистону Ҷопон дар сохаҳои мухталиф вусъат ёфта, айни замон беш аз 30 санад муносиботи ду кишварро ба танзим медарорад. Ёдрас мешавем, ки муносибати дипломатии Тоҷикистону Ҷопон ханӯз аз соли 1991 оғоз шуда, то хол ҷониби Ҷопон барои сохтмони иншооти маишиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, аз чумла мактабу бемористон ва бунёди хатти оби ошомиданӣ беш аз 27 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Дар маҷмӯъ, Ҷопон аз тариқи Агентии рушд − JICA ва сафораташ дар Тоҷикистон 352 барномаи мухталифро дар кишвар роҳандозӣ кардааст. Яке аз онхо таҷдиди роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа−Панҷи поён мебошад. Айни замон бо сармояи ширкати “Коки”−и Ҷопон дар ноҳияи Қубодиён корхонаи дорусозии “Аввалин” фаъолият мекунад. Дар сохаи маориф низ хамкори миёни Ҷопон ва Точикистон густариш меёбад. Аз соли 1993 то ҳол 1800 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои гуногуни Ҷопон таҳсил кардаанд.