Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

«Гӯрғӯлӣ» ба боди фано меравад?

$
0
0

Солҳои 60-70-уми асри ХХ. Ҷаҳониён дар натиҷаи  таҳқиқу омӯзиши олимони фарҳангу мардумшиноси Шӯравӣ воқиф гаштанд, ки тоҷикон  офарандаи эпоси беназири «Гӯрғӯлӣ»  будаанд. Достонҳои марғуби «Гӯрғӯлӣ» ҳар рӯз аз барномаҳои радио, ки дастрастарин воситаи таблиғотӣ буд, дар иҷрои Ҳақназар Кабуд,  Ҳикмат Ризо, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон шунавонида мешуд. Билхоса, то солҳои 90-ум, ки гӯрғӯлисарои беҳамто Ҳикмат Ризо барҳаёт буд, ҳеҷ кас гумон намекард, ки рӯзе ин ҳунари волои ниёгон рӯ ба таназзул оварда, ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад.

Баъд аз суқути Иттифоқи Шӯравӣ  гурӯҳе аз адабиётшиносон ва рӯшанфикрони тоҷик гуфтанд, ки ашъори размӣ ё эпоси "Гурӯғлӣ"ҳеҷ рабте ба тоҷикон надорад ва моли мардуми муғултабор аст. Шояд ҳамин боиси коҳиш ёфтани маъруфият ва маҳбубияти гӯрӯғлисароӣ дар Тоҷикистон шуда бошад. Бино ба иддаои гурӯҳи дигари донишмандон  муҳим нест, ки ин достонро нахуст кӣ сароидааст. Муҳимтараш ин достон ва қаҳрамонҳои он рамзи ватанпарвариву озодихоҳии мардум дар тӯли садсолаҳо будаанд.

- Ин мушкилот беш аз даҳ сол аст, ки маро ба ташвиш овардааст, - мегӯяд профессор, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ. - Дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ин гуна ҳодисаҳо бисёр рӯй додаанд, ки ҳамосаҳои маъмулу маъруф тайи садсолаҳо ривоҷ меёбанд, вале баъдан бо мурури замон ва таъсири ҳаводиси атроф тадриҷан аз байн  мераванд. Агар мо ба шароити қадимии маъмул будани жанри эпоси «Гӯрғӯлӣ» ва дигар падидаҳои ба он монанд, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна, ҳамчунин, Озарбойҷон, бо номҳои Кюрогли, Гӯрӯғлӣ, Алпомиш, Манас машҳур ҳастанд, таваҷҷуҳ намоем, аён мегардад, ки дар ин ҷойҳо низ мушкилоти аз байн рафтани ин жанр мушоҳида мешавад.

 Омӯзиш ва таҳқиқи илмии ҳамосаи мазкур таърихи қариб дусадсола дорад. Олим ва сайёҳи машҳури маҷор Г.Вамбери ҳангоми сафараш дар нимаи дуюми асри Х1Х ба Бухоро ва  Самарқанд мушоҳида карда буд, ки одамон дар  бораи Гӯрғӯлӣ ном баҳодуре қиссаю достонҳои аҷоиб месароянд.

Дар бораи номи худи Гӯрғӯлӣ низ баҳсҳои зиёд мавҷуданд. Яке мегӯяд, ки ин аз ибораи туркии «кюроғлӣ» – яъне писари кӯр, ё форсии гӯрғӯлӣ – фарзанд ё паҳлавони гӯр пайдо шудааст. Гӯр ва кӯр дар байни мардуми туркзабону форсизабон шарҳи мухталиф дорад. Аз ин рӯ, шояд танҳо истилоҳи «Гӯрӯғлӣ» моли мардуми туркзабон аст, на мазмуну мундариҷа ва моҳияти бадеӣ-эстетикии ин ҳамоса. Бо такя танҳо ба истилоҳ баъзеҳо даъвои онро доранд, ки ин санъат офаридаи мардуми туркзабон аст. Ин даъво мутлақо хато ва иғвоангез мебошад. Хислати бади бегонапарастии мост, ки баъзан кӯр-кӯрона тайёр ҳастем моли худамонро ба ягон халқи дигар супорем...

Ин гуна баҳсҳо замоне дар байни олимони Шӯравӣ, ки солҳои сиюми асри ХХ ба таҳқиқи эпоси «Гӯрғӯлӣ» шуруъ карданд, ба миён омада буд. Онҳо аз Маскаву Ленинград ба Осиёи Миёна бисёр сафар намуда, дар як вақт ба омӯзиш ва таҳқиқи падидаҳои достонсароӣ дар Тоҷикистон, Хоразми Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркманистон машғул шуданд. Академик А. Н. Болдирев, ки аз нахустин муҳаққиқони «Гӯрғӯлӣ» аст, баъд аз таҳқиқоти пешакии достонҳои «Гӯрғӯлӣ» дар Осиёи Миёна ба  хулосаи хеле муҳим омада буд: «Аз рӯйи адолат бояд зикр намоем, ки мустақилияти эпоси тоҷикӣ то дараҷае равшану возеҳ аст, ки анъанаҳои устувор ва бой дорад. Ва мансуб додани эпос ба ин ё халқи дигар дар ин ҷо зарурат надорад».

Устод Аслиддин Низомӣ  барои ҳалли мушкилоти Гӯрғулӣ кӯшише ба харҷ дода, аз ҷониби масъулини фарҳангу санъат дастгирӣ наёфт. Ӯ соли 2003 дар ҳамкорӣ бо Швейтсария дар Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон барои як соли таҳсил мактаби махсуси гӯрғӯлихониро таъсис дод. Мақсад аз таъсиси ин мактаб  пайдо ва тарбия намудани ҷавонони соҳибистеъдоди соҳаи ҳамосасароӣ зери сарварии устодони жанрҳои фалак, гӯрғӯлисароӣ ва дигар намудҳои санъати анъанавӣ буд. Устодон Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назриев, Азизбек Зиёевро бо шогирдонаш як сол ба ин мактаб ҷалб намуда, маош ва стипендия таъин карданд. Наздашон вазифа гузоштанд, ки баъди ҳар ду-се моҳи омӯзиш консертҳои мушоҳидавӣ-санҷишӣ баргузор намоянд. Маълум шуд, ки ҳунари гӯрғӯлихониро бо овози нозуки наврасӣ иҷро намудан ғайриимкон аст, зиёда аз ин сарояндаи ҳамоса пеш аз ҳама бояд шахси эҷодкор, мусиқидон ва шоиртабъ бошад. Бисёриҳо бар ин ақида буданд, ки муҳити шаҳр ба маъмул мондани эпоси «Гӯрғӯлӣ» мусоидат намекунад. Акнун ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки тақдири ояндаи «Гӯрғӯлӣ» ҳамчун як ҷузъи хеле пурарзиши фарҳанги қадимаи мо чӣ мешавад.

Кароматулло Раҳимов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, омӯзгори калони кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, ки беш аз 20 сол муҳаққиқи  жанри эпоси «Гӯрғӯлӣ» мебошад, пеши худ аввал мақсад гузошт ватани пайдоиши эпоси мазкурро пайдо намояд. Ӯ бо тамоми сарояндаҳои Рашту Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вохӯрдааст. Ҳамаи онҳо, аз ҷумла, шодравон Ҳикмат Ризо дар хотираҳояш, ки дар бойгонии Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои кишвар маҳфуз аст, пайдоиши эпосро охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ   дар минтақаи Сари Хосор мешуморанд. Он замон дар ҳар  деҳаи Сари Хосор даҳҳо нафар гӯрғӯлисароӣ мекарданд. Сабаби пайдоиш ва  рушди эпос ба вазъи ҷуғрофии минтақаи номбурда алоқамандӣ дорад.

-Мо тобистон аз Сари Хосор, ки дар иҳотаи куҳҳои сарбаланд ҷойгир аст,  дидан кардем, - гуфт К. Раҳимов. - Мутаассифона, танҳо як тан гӯрғӯлисароро барҳаёт дидем. Ӯ Ёқуб Султон мебошад, ки вобаста ба тақозои замон мундариҷаи жанрро дигар карда, дар маъракаҳои мардум бо ҳаҷву пародия дар вазни «Гӯрғӯлӣ» достонҳо месарояд. Ёқуб Султон изҳор дошт, ки гӯрғӯлисароён дар маъракаҳои  давлатмандону сарватмандон иштирок намуда, хизматашон қадр мешуд, ҳатто баъзеи онҳо аз як маърака ба маъракаи дигар даъват шуда, моҳҳо ба хонаашон омада наметавонистанд. Мардум ба ҳунару истеъдоди онҳо таваҷҷуҳ дошт.

 Алҳол гӯрғӯлисароён аз даҳ нафар камтар мондаанд. Азизбек Зиёев, Ҳотами Ҳоким аз ноҳияи Варзоб, Қурбоналӣ Раҷаб аз ноҳияи Ховалинг, Исомиддин Зайниддин аз ноҳияи Данғара дар маъракаҳои мардумӣ гӯрғӯлисароӣ мекунанд…

 Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки эпоси «Гӯрғӯлӣ» сирф моли тоҷикон мебошад, зеро дар таърихи фарҳанги олам чунин ҳодисае рух надодааст, ки  як халқ ё як миллат барои халқи дигар 700 ҳазор байт достонҳо офарида бошад.

Дар шароити имрӯза омӯхтан ва тарғиби умум намудани ҳамосаҳо моҳияти бузург дорад. Дар Қирғизистон «Манас»-ро дар мактабҳои таҳсилоти миёна ва касбӣ садҳо соат дарс медиҳанд. Дар пажуҳишгоҳи манасшиносии Қирғизистон наздики 60 нафар олимони этнограф ва фарҳангшинос фаъолияти чашмрас доранд. Мазмуни асосии достонҳои "Гӯрғӯлӣ" - ин мубориза баҳри ҳифзи бару буми кишвари қадимиамон мебошад. Месазад, ки омӯзиши «Гӯрғӯлӣ» ва гӯрғӯлисароиро дар маҳфилҳои мактабӣ, барномаҳои радио ва телевизион ба роҳ монем.

Барои эҳёи ҳунари мазкур, пеш аз ҳама, дар маҳалҳои зисти гӯрғӯлисароён бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маҳфилҳои омӯзишӣ кушоянд. Ин таҷриба  моҳи майи соли равон, ҳангоми таҷлили 100-солагии Ҳақназар Кабуд дар ноҳияи Бохтар мушоҳида шуд, ки лоиқи дастгирист. Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, барои ба насли оянда зинда расондани ҳамосаи «Гӯрғӯлӣ» ва гӯрӯғлисароӣ масъул мебошад.

Эмоми НАЗАРИЁН

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>