Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Рафиқа Мӯсоева аз “Душанбе-Плаза” рафт

$
0
0

Бо  қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе  Рафиқа Мусоева аз директориКорхонаи воҳиди давлатии “Душанбе-Плаза” барканор шудааст.

 Ба ҷойи ӯ Аъзам Табаров, собиқ директори Муасиссаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе омадааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ расид.

Ёдрас мешавем, ки Рафиқа Мӯсоева аз моҳи июни соли 2012 директори "Душанбе-Плаза"таъин гардида буд. Ӯ солҳои 1995-2000 вакили парлумон ва 2001-2003 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд. Аз соли 2003 роҳбарии Ассосиасияи энергетикҳои Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. 
Айни замон "Душанбе Плаза"яке аз биноҳои баландтарин дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта,  92 метр баландӣ дорад. Масоҳати умумии бино 40 000 метри мураббаъ мебошад. 

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>