Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Президент аз зиёд будани воридоти мол нигарон аст

$
0
0

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд танҳо дар 7 соли охир 2,3 баробар зиёд гардидааст.

Аз ҷумла содироти мол 2,8 баробар афзоиш ёфта, соли 2014 ҳаҷми он ба 450 миллион доллар расид, вале таносуби манфии савдои хориҷӣ то ҳол хеле калон буда, воридоти молҳо нисбат ба содироти он 4,5 баробар зиёд мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми  мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар ин хусус изҳори ташвиш намуд.

 Ба таъкиди Президенти кишвар ин дар ҳолест, ки вилояти Суғд дорои нерўи бузурги содироти молҳо, аз ҷумла меваю сабзавот ва маҳсулоти саноатӣ мебошад.
“Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати воридотивазкунанда ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои истеҳсоли ватанӣ мунтазам чораҷўӣ карда шавад. Инчунин, татбиқи саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва рушди соҳаҳои асалпарвариву парандапарварӣ, боғу токпарварӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами фаъолияти ҳаррўзаи роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор мебошад”, - дастур дод Сарвари  давлат.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>