
Дар пойтахти Тоҷикистон гуфтушуниди серӯзаи аъзои Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистоншурӯъ шуд.
Раёсати ҳайатҳоро муовинони сарвазирҳои ин ду кишвар Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев ба ӯҳда доранд.
Як манбаъ гуфтааст, ки аз ҳамин рӯз музокираи дуҷониба оид ба масъалаи марз шурӯъ шуда ва то рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон идома хоҳад кард.
То ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Иттиҳоди Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш ба ихтиёри Қирғизистон гузаштааст.