
19 октябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа таваҷҷуҳи роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳрро оид ба таҳлили воқеии натиҷаи нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 9 моҳи соли 2015 аз нигоҳи интиқодӣ нигаронида, афзуд, ки дастовардҳои соҳавӣ бо вуҷуди таскиндиҳанда буданашон ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи потенсиали мавҷудаи аҳли ҷамоатчигии пойтахт нестанд ва беш аз ҳарвақта аз ҳамагон масъулияти баландро тақозо менамояд.
Дар ин росто, муовини соҳавии Раиси шаҳр Шӯҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳо ва Сарраёсати молияву Раёсати андози шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати 2 ҳафта дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидории дар марзи шаҳр фаъолияткунанда бобати иҷрои нақшаҳои мутазаккира дар самти ҷамъоварии андози иҷтимоии соҳаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолати аз рӯи таъинот истифодашавии 1111 гектар заминҳои бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 386 аз 7 апрели соли 2003 аз истифодаи ноҳияи Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воридгардида, инчунин аз вазъи муросонопазири истифодашавию нигоҳдории 2381 гектар қитъаи замини ҳудудҳои тибқи Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 382 аз 30 декабри соли 1983 барои васеъкунии ҳудуди қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии шаҳри Душанбе пешбинигардида, ки барои истифодабарии муваққатӣ, бе ҳуқуқи сохтмонҳои капиталӣ ва шинонидани дарахтони дарозумр ба ноҳияҳои атрофи пойтахт вобаста ва ҳамзамон дар асоси банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 31 январи соли 2006 «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе» дар ин заминҳо шинонидани дарахтони бисёрсола маън карда шудааст, изҳори нигаронӣ намуд.
Дар ин равобит афзуд, ки мутаассифона дар заминҳои зикршуда ғайриқонунӣ ва беинобати талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва розигии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раисони ноҳияҳои муваққатан заминистифодабаранда - Рӯдакӣ ва Варзоб ғайритаъинот истифодашавии заминҳо роҳандозӣ карда шудааст, ки оқибатҳои нохуби ҳуқуқӣ доранд.
Баҳри ислоҳи вазъи ҷойдошта ва пешгирӣ аз қонунпоймолкуниҳо дар ин ҷода дар ҷаласа қарор гардид, ки масъулини шаҳрдорӣ унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи шаҳри Душанбе ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ба Кумтаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубҳои расмӣ ирсол намоянд.
Инчунин, Раиси шаҳр дар ҷаласа таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳоро оид ба дар ҳолати хуб нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъи нигаҳдошту парвариши чорвои хурду калон аз ҷониби сокинон, безараргардонии сагҳои дайду баҳри амнияти шаҳрвандон ва эмин нигоҳдоштани онҳо аз касилиҳои ҳорӣ, ғановати бозори истеъмолӣ ва иҷрои нақшаҳои захираи маҳсулот дар бозорҳои коммуналӣ, амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хизматрасонию ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани интизоми меҳнат дар ташкилоту идораҳо, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ шаҳр ба мавсими зимистонгузаронӣ ва фаъолияти меъёрии фаввораҳо дар шаҳр ҷалб намуда, вобаста ба ҳар кадом масъала ба мутасаддиён дастуру ҳидоятҳои мушаххас ироа намуд.
Ш. Саидов