Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҷасади қурбониёни минаҳои Ӯзбакистон

$
0
0

Марзбонони тоҷик мегӯянд, ки бо хуб шудани вазъи боду ҳаво ҷасади ду сокини Панҷакент аз минтақаи кӯҳии марбут ба Ӯзбакистон берун хоҳанд овард.

Шоми 16-уми октябр аз таркиши мина дар сарҳади Ӯзбакистон бо Панҷакенти Тоҷикистон ду сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расида буданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии КДАМ  гуфт, ки “ҷасади қурбониёни мина то ҳол дар ҷои ҳодиса, дар минтақаи баландкӯҳ дар ағбаи Ҷумон қарор дорад. Бо хуб шудани вазъи боду ҳаво ҷасадҳо ба пайвандонашон баргардонда мешаванд”.

Ду сокини ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент мехостаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ марзро шикаста, вориди Ӯзбакистон шаванд.

 

Қаблан расонаҳои кишвар қаблан хабар дода буданд, ки ин сокинони Панҷакент аз тири марзбонҳо ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи расонаҳо марзбонони ӯзбак ба сӯи панҷ сокини Панҷакент тир кушодаанд, ки ду нафарашон ба ҳалокат расида, 3 танашон захмӣ шудаанд.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>