Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҷамолиддин Нуралиев бо раиси “АксесБонк Тоҷикистон” вохӯрд

$
0
0

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон  бо Раиси Шӯрои мудирони AccessHolding Томас Енгелхард ва Раиси Раёсати “АксесБонк Тоҷикистон” Удо Шедел, ки чанде пеш ба ин вазифа таъин шудааст, мулоқот кард.

Тавре ки аздафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар расид, Ҷамолиддин Нуралиев зимни мулоқот дар бораи боз ҳам муассир кардани фаъолияти “АксесБонк Тоҷикистон”, омода намудани мутахассисони маҳаллӣ барои бонк, баланд бардоштани дониш, таҷриба ва касбияти кормандони мавҷудаи он, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат кардааст.

Дар ин рӯз, инчунин муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба Осиёи марказӣ ҷаноби Моаззам Мекан, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Манижа Мамаднабиева иштирок кард.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мебошад. Таъкид гардид, ки аз ҳамкориҳое, ки тарафҳо дар ин ё он бахшу соҳаҳо анҷом медиҳанд, бояд ҳар ду ҷониб манфиатдор бошанд.

Мусоҳибон ҳамчунин дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолот, тиҷорати кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ривоҷ додани бозори коғазҳои қиматнок, нашр ва барои фурӯш ба бозор ворид кардани коғазҳои қиматноки бонкҳою дигар ширкатҳои истеҳсолӣ, ба роҳ мондани бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок суҳбат кардаанд.

Ҳамчунн, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо тими ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқнамудаи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари лоиҳаи тандурустӣ хонум Уэзи Мсиша вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот ҳар ду тараф ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаранок ба хотири дар муҳлатҳои ба нақша гирифташуда анҷом додани корҳои хеле зарур дар бахши лоиҳаҳои тандурустӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони лоиҳаи номбурда ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда мубодилаи афкор намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки барои ба даст овардани ин ҳадафҳои ба ҷомеа фоидаовар минбаъд ҳамкориҳои мавҷударо тақвият мебахшанд.

Тарафҳо муҳимияти ҷалби маблағҳои иловагии грантиро барои боз самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур бори дигар таъкид карданд.

 

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>