
Дар доираи кори Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе- 2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре ки аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар расид, миёни Кумита ва Кластери кимёвии Бавария (Олмон) оид ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин бахшҳо ёддошт ба имзо расидааст.
Ҳамчунин байни Кумита ва Ширкати “NORINCO International Cooperation Ltd.”-и Чин оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқӣ ва хати интиқоли барқ ба ноҳияи Данғара, сохтмони пойгоҳи обкашӣ ва соф намудани манбаи об дар шаҳри Душанбе, сохтмони МБГ дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 2x350МВт, истеҳсоли газ аз ангишт, бунёди роҳи оҳан низ ёёдошт ба тасвиб расидааст.
Ғайр аз ин, Кумита бо Фонди сармоягузории «HUI-JIN»-и Чин дар бораи таъсиси корхонаи муштараки суғуртаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва бо Корпоратсияи “Zhong Min Tou”-и Чин оид ба ташкили корхонаи муштараки лизингӣ дар Тоҷикистон ёддоштҳо ба имзо расонид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ инчунин бо Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ва Вазорати кишоварзии вилояти Тоскания (Италия) дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия ёддоштҳо ба имзо расонид.
Инчунин, дар доираи кори чорабинии мазкур ҳамчунин миёни корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои гуногуни хориҷӣ созишномаву қарордҳои сершумор ба тасвиб расиданд.