Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Боз ду нафар аъзои дастаи Ҳоҷи Ҳалим дастгир ва як нафар кушта шуд

$
0
0

Тавре як манбаъ аз мақомоти интизомӣ хабар додааст, шаби 29-уми сентябр дар қисматҳое дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва Ваҳдат муҳориба байни мақомот ва боқимондаҳои дастаи генерал Назарзода рух додааст..

Ба гуфтаи ин манбаъ,  се нафари муссалаҳ дар маконе пинҳон буданд ва ҳангоми ошкор шудан ба сӯи кормандони мақомоти интизомӣ оташ кушодаанд.

Манбаъи мақомоти интизомӣ аз тафсилоти бештари ин задухӯрд худдорӣ кард, аммо гуфт,ки  аз нахустин бозпурсии ду нафари боздоштшуда барояшон маълум шуд, ки инҳо аз гурӯҳи мусаллаҳи қаблан таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода ҳастанд.

Ҳоло ба гуфтаи мақомоти интизомӣ даҳҳо тан аз аъзоёни гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар навоҳии атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон ҷустуҷӯ мешаванд ва тибқи иттилои пешакӣ аксари онҳо мусалаҳанд.

Дар изҳороти Прокуратураи генералии  Тоҷикистон низ зикр шуда буд, ки гурӯҳи Назарзода бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад ва ҳоло танҳо камтар аз 150 нафарашон боздошт шудаанд.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>