
Имрӯз Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Гвардияи миллӣ бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мулоқот баргузор намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ карда, изҳор дошт, ки ин ҷамъомад ба хотири анҷоми муваффақонаи амалиёти махсус, ки рӯзҳои 4-16 - уми моҳи сентябр барои дастгир ва безарар гардонидани хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик гузаронида шуд, доир гардида истодааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандон, ки хизмати содиқона ва ҷонфидоӣ кардаанд, мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ордени Спитемен дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени Шараф, медали Ҷасорат, рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид. Командири АЛФА –и Кумитаи давлатии амнияти миллї баъд аз қаҳрамонона ба ҳалокат расидан сазовори ордени «Спитамен» гардид. Ҳамчунин муовини аввали раиси Кумитаи амнияти Миллӣ Умаров Мансур ва муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода сазовори ордени «Спитамен» шуданд. Раиси ноҳияи Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, раисони ҷамоати Симиганҷ Ашуров М. ва ҷамоати Ромит Х. Мирзоева барои ҷасорат дар дастгир кардани хоинон бо медали «Ҷасорат» сарфароз гаштанд.
Ба наздикону пайвандони 14 нафар корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат расидаанд, баъди марг ва ба 1 нафар захмӣ орден ва рутбаи навбатии ҳарбӣ тақдим карда шуд.
Баъди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки хушбахтона, мақсади нопоку хиёнаткоронаи хоинон ва хоҷагони хориҷиашон ба шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд ва нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт.
Президенти мамлакат ба аҳли оила, наздикону пайвандони сарбозону афсароне, ки бар зидди дастаи террористӣ ва душманони халқу Ватан далерона ба набард бархоста, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҷони ҷавони худро аз даст додаанд, изҳори тасаллият карда, таъкид намуд, ки шуҷоату далерии онҳо аз хотираи мардуми тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
Чорабинии имрӯзаро гузашти низомии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воҳидҳои зудамал, воҳидҳои танкӣ, артилерия ва Оркестри ҳарбии муттаҳидаи Вазорати мудофиа ва гвардияи миллӣ анҷом бахшиданд.