
Аз ба имзо расидани Созишномаи «СВОП», ки миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин сурат гирифт, беш аз ду ҳафта сипарӣ шуд. Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ имзо шудани созишномаро як қадами устуворе дар муносибати байнибонкии ду кишвар -Тоҷикистон ва Чин арзёбӣ карда, умедворанд, он ба бозори асъори дохилӣ бетаъсир намемонад.
Қабули созишномае, ки “Тоҷикистон” пешниҳод кард...
Замоне, ки дар бозори асъор ноустувории пули миллӣ ва болоравии қурби асъори хориҷӣ, махсусан доллар мушоҳида шуд, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аввалин шуда, масъалаи ҳисоббаробаркунии сомонӣ бо юан (конвертатсия)-ро ба миён гузошт. Чунки бештари вақт долларе, ки иваз мешавад, ба Чин барои харидории мол равона мегардад. Абдуҷаббор Ширинов, собиқ раиси Бонки миллӣ ба хотири муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва имкони ҳисоббаробаркунии сомонӣ бо юан чунин ҷавоб дода буд: “ Аввалан, тибқи қонунгузории асъор ва санадҳои меъёрии амалкунанда, ягон маҳдудият барои мубодилаи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ нест. Мушкилот дигар аст. Айни замон дар бозори дохилии асъори мо мубодилаи васеъи сомонӣ бо юани Чин шуруъ нашудааст. Имрӯз анъана шудааст, ки тоҷирони мо аз Чин бо доллар маҳсулот ворид мекунанд, зеро чиниҳо ҳам танҳо бо доллари ИМА мол мефурӯшанд. Ҳоло мо роҳҳои тағйир додани ин корро омӯхта истодаем. Яке аз ин роҳҳо барпо ва мустаҳкам кардани алоқа бо бонкҳои чинӣ мебошад”.
Своп чӣ медиҳад?
“СВОП” имкон фароҳам меорад, ки соҳибкорону тоҷирони тоҷик минбаъд мустақиман пули сомониро бо юан иваз карда, аз Чин ба дохили кишвар молу маҳсулот ворид намоянд. Зеро мусаллам аст, ки солҳои охир бештари молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, муҳлати созишномаи имзошуда, 3 солро дарбар мегирад. Дар зери он Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Жоу Шиаогуан, раиси Бонки мардумии Чин имзо гузоштаанд. Дар асоси созишномаи мазкур Чин давоми се соли оянда ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард юан, муодили қариб 500 миллион доллар медиҳад. Бонки миллӣ мақсад аз имзои созишномаро тавсеаи ҳамкориҳо миёни ин ду ниҳоди молиявӣ ва сабук кардани фаъолияти тоҷирон арзёбӣ мекунад. Айни замон гурӯҳи кории Бонки миллӣ ҳуҷҷатҳои баъди имзошударо дар якҷоягӣ бо сохторҳои молиявӣ омӯхта истода, барои табодули асъор замина муҳайё карда истоданд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъди бастани созишнома қурби юани Чин дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ рӯ ба ҷаҳидан дорад. Дар масъалаи доллар ҳоҷати гап нест. Бозори доллар мисли ҳамешагӣ гарм буда, талаботи мардум ва нарх ба он зиёдтар аст. Ҳол он ки созишномаи мазкур фишори асъори хориҷиро ба сомонӣ бояд коҳиш диҳад.
Чунки то ҳол харидори асосии доллар тоҷиронанд, ки асосан аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд. Дар сурати зиёд шудани талабот ба доллар, саррофон сӯистифода бурда, барои ба даст овардани даромади калон нархро боло мераванд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ дар нишасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар сурати ҷалби юан аз Чин ба Тоҷикистон бо усули «СВОП» тоҷирони тоҷик дар кишвар сомониро бо юан иваз карда, аз Чин бо асъори миллии ин кишвар метавонанд мол харидорӣ намуда, ба кишвар ворид намоянд. То ҳол соҳибкорону тоҷирони тоҷик доллар харидорӣ намуда, онро дар бонкҳои Чин бо юан иваз мекунанд ва пасон маҳсулоти мавриди ниёзи худро харидорӣ мекунанд.
Аз рӯйи таҳлили пешакии коршиносон, шартномаи имзошуда, барои муътадил нигоҳ доштани қурби сомонӣ, таъмини бозори дохилӣ бо асъори хориҷӣ ва дар маҷмуъ, мусоидат ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мекунад.
Своп аз назари коршинос
Абдурақиб Қодиров, коршиноси масоили иқтисодӣ ба ин назар аст, ки созишнома то андозае метавонад таъсири мусбати худро расонад. Ҳамчунин, барои боз ҳам поён бурдани қурби доллар бояд роҳҳои аз ин ҳам таъсирноктар дар иқтисодиёти кишвар ба роҳ монда шавад: «Ман фикр мекунам, имзои созишномае, ки миёни Тоҷикистону Чин ба тасвиб расид, шояд ба қурби сомонӣ таъсири мусбат расонад, вале мо бояд аз ин беҳтар роҳҳоро пеш гирем, ки вобастагии худро аз доллари амрикоӣ боз ҳам поин барем. Шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон Русияву Қазоқистон ҳастанд. Мо бояд бо ин ду кишвар пурра бо рубли русӣ муомила кунем. Яке аз роҳҳои асосии таҳкими пули сомонӣ - ин маҳдуд намудани воридоти маҳсулот аз хориҷи кишвар мебошад. Аммо танҳо бо роҳи имзои созишномаи байни Тоҷикистону Чин ин масъала ба пуррагӣ ҳалли худро намеёбад...»
Ба назари Қодиров, омили дигар - ин механизми созишнома аст, ки ба соҳибкорон имкони ба мушкилӣ дучор шуданро пеш меорад. Таъсири ин созишномаро дар муддати кӯтоҳ ҳис намудан мушкил аст, чунки он муддати 3 сол ба имзо расидааст ва ҳудуди 500 миллион доллар маблағгузорӣ карда мешавад. Дар ҳоле, ки мубодилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин миллионҳо долларро ташкил медиҳад. Ҳанӯз гуфтан барвақт аст, ки ба қурби Тоҷикистон то кадом андоза таъсир мерасонад. Инро танҳо вақт пешгӯӣ мекунад. Дуюм омил ин аст, ки механизми созишнома фурсат мехоҳад, зеро айни ҳол соҳибкорон ба талаботи нав мутобиқ нестанд. Бештари онҳо суратҳисоби худро надоранд ва шахси ҳуқуқӣ нестанд. Онҳо ба таври нақдина фаъолият мекунанд. Дар ҳоле, ки созишнома пешбинӣ намудааст, ки муомилот ба таври ғайринақдӣ сурат гирад.
Усмон Раҳимзода, «Тоҷикистон»