
Дар ояндаи наздик намояндагиҳои гумруки Тоҷикистон ва Русия дар ин кишварҳо таъсис мешавад.
Нурулло Шарипов, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтаст, ки нимаи дуюми имрӯз Андрей Белянинов,раиси Хадамоти федеролии гумруки Русия дар раъси ҳайате барои анҷоми сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Ба гуфтаи Шарипов, тибқи барномаи сафар, Андрей Белянинов дар ҷараёни сафари худ бо Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон ва мақомоти дигари кишвар дидор ва густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои гумуркиро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард. Ба таъкиди Шарипов, дар поёни сафари ҳайати хадамоти гумруки Русия ба Тоҷикистон, ки фардо, чоршанбеи 23 сентябр анҷом хоҳад шуд, созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи таъсиси намояндагиҳои гумруки Тоҷикистон дар Русия ва ҳамин тавр намояндагии гумруки Русия дар Тоҷикистон ба имзо мерасанд.