Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Аслов дар Ню-Йорк

$
0
0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 70-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 21 сентябр то 5 октябр баргузор мешавад, дирӯз ба  Ню-Йорк рафт.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафари Сироҷиддин Аслов ба шаҳри Ню-Йорк дидору гуфтушунидҳои ӯ бо вазирони корҳои хориҷии як қатор кишварҳо дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар кори иҷлосияи мазкур таҳти сарварии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Тоҷикистон низ иштирок мекунад. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles