Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Амакиев ҷои Ленинро гирифт

$
0
0

Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи “Алфа”, гуруҳи махсуси зертобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Дар ин бора наздикони марҳум иттилоъ дода, афзудаанд, ки ин литсей қаблан номи Ленинро дошт. 

Ба қавли пайвандони Рустам Амакиев, дар назар аст кӯчаи “Душанбе”-и ноҳияи Восеъ низ, ки марҳум онҷо зиндагӣ мекард, ба номи ӯ гузошта шавад.

Полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи “Алфа” дар бархӯрд бо гуруҳи генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода рӯзи 15 сентябр дар дараи Ромит кушта шуд. Ҷанозаи Амакиев дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд. 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>