Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Дар байни ҷасадҳои тарафдорони Назарзода як ҷасади ношинос ҳам будааст

$
0
0

Хешовандон ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар миёни ҷасадҳои аъзои гурӯҳи мусаллаҳ рӯзи 18 сентябр ҳуввияти Низом ва  Салим Назаровҳо, ду бародари Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистонро дар як сардхонаи шаҳри Душанбе шиносоӣ карданд.

Ин ҷасадҳо дар миёни 24 ҷасади баъди анҷоми амалиёти низомии дараи Ромит ба сардхона интиқолёфта қарор доранд. Мақомот ба хешовандон иҷозати бурдан ҷасадҳои дигар аъзои эътимолии гурӯҳи мусаллаҳро дода, вале  ҳанӯз барои бурдани ҷасади бародарони генерал розӣ нашудаанд. 

Ҷасадҳо ба хонаҳои ин афрод бурда намешаванд, балки аз сардхона мустақиман ба гӯристон бурда хоҳанд шуд. Ин шарте будааст, ки қабл аз супурдани ҷасадҳо ба наздикони онҳо дар миён гузошта шудааст. Ҷасадҳоро то гӯристон ҳамчунин кормандони пулис ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Ҳанӯз маълум нест, ки оё сарнавишти ду писари калонии генерал Назарзода - Бахтиёр ва Муҳаммад  чӣ будааст. Бар тибқи иттилои  расмӣ, рӯзи 4 сентябр онҳо ба тарафдорони падари худ ҳамроҳ шудаанд.  ​

Интизор меравад, ки имрӯз ҷасади худи Абдуҳалим Назарзода ҳам ба наздиконашон супурда шаванд. Як тан аз наздикони Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим"рӯзи 18 сентябр гуфт, ки онҳо дирӯз барои гирифтани ҷасад муроҷиат карда буданд, вале мақомот барояшон ваъда доданд, ки пас аз нисфирӯзии имрӯз ҷасад барояшон дода хоҳад шуд.

Мақомоти расмӣ низ мегӯянд, тамоми ташхисҳои судӣ-тиббӣ дар ин ҷасадҳо анҷом шудааст ва дигар барои дафн кардан ба наздиконашон супурда хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи мақомот, миёни кушташудаҳо як ҷасаде вуҷуд дорад, ки то ҳанӯз ҳувияташ шинохта нашудааст ва бо эҳтимоли зиёд он нафар тоҷик нест. Ин нафаре, ки ба тоҷикон монанд нест, чеҳраи сиёҳгуна дорад ва рӯяш ҳам ҳангоми ҳамла осеб надидааст.

 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>