Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Мавқеи 58-уми Тоҷикистон доир ба вазъи беҳтарини зисти нафақахӯрон

$
0
0

Созмони ғайриҳукуматии Help Aqe Lnternational (HAI)–и  СММ таҳқиқотеро ба итмом расонд, ки аз рӯйи натиҷаҳои он мақоми кишварҳоро доир ба сатҳи зисти одамони аз 60-сола боло муайян намудааст. Феҳристи мазкур 96 кишвари дунё ва 90 фисади пиронсолони ҷаҳониро фаро гирифтааст.

Тоҷикистон дар ин феҳрист мақоми 58-ум-ро ишғол кардааст.

Кишвари барои зиндагии пиронсолон мусоидтарин тибқи фарзияи HAI Шветсария муқаррар шуда, Норвегия, Шветсия, Олмон, Канада пас аз он ҷой гирифтаанд. Дар шумори даҳгонаи аввалин инчунин Нидерландия, Исландия, Ҷопон, ИМА ва Британияи Кабир дохил карда шудаанд.

Қирғизистон дар феҳрист ҷойи 51-ум, Русия - 65-ум, Украина-  73-юм, Гурҷистон  - 29-ум, Арманистон - 43-юм, Литва - 63-юм, Беларус - 64-ум ва Молдава 77-умро ишғол карданд.

 Дар миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ Эстония мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Дар ҷойи охирини 96-ум Афғонистон мустақар аст. Мутахассисони HAI барои муайян кардани мақоми кишварҳо аз маълумоти омории Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ, Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва ЮНЕСКО-ро омӯхтанд.

 Зимни мураттабсозии феҳрист 13 хусусияти зиндагии пиронсолон, аз ҷумла муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ, вазъи зист, маълумотнокӣ, шумораи коркунон ва фаъолияти иҷтимоӣ ба инобат гиирфта шудааст.

 

Таҳияи Э. Назаров.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>