Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Рубл ғарқ мешавад, сомониро ҳам аз паси худ мебарад?

$
0
0

Давоми ду ҳафта мешавад, ки нархи рубли русӣ дар таблои нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе рӯ ба пастравӣ дорад ва комилан ғарқ шудани онро баъзе таҳлилгарон аз имкон берун намедонанд. Ояндаи наздик тақдири он чӣ мешавад,  норӯшан аст. Тоҷикистон вобастаи Русия буда, бештари муҳоҷирон дар ин ҷо кору зиндагӣ доранд, рубли зиёд низ ба кишвар аз ин ҷо ворид мешавад.

Ҷаҳиши ғайриинтизор

Ин шабу рӯз, ки оғози соли хониш фаро мерасад, волидайни тоҷик аз беқурбии рубл  сахт мушаввашанд. Онҳо бо он рубли беқурбшуда,  ки аз наздиконашон мегиранд, наметавонанд лавозимоти мактабиро ба фарзандони худ харидорӣ кунанд. Гурӯҳи дигари ҷомеаро тақдири минбаъдаи сомонӣ, ки аз рубл вобаста аст,  нигарон кардааст. Ҳоло қурби рубл нисбати  доллару евро босуръат  поён меравад. Дар биржаи асъори Маскав қурби як доллар аз 71 рубл ва қурби евро аз 81 рубл ҳам убур кардааст.

Баъди ин коҳишёбии рубл дар ватанаш, арзиши он дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон аз 98-99 сомонии рӯзи 23 август имрӯз то 90 сомонӣ барои 1000 рубл расид. Қурби доллар бошад, баръакс боло меҷаҳад,  24 август дар Душанбе ба 6 сомониву 80 дирам харида, 6,83-6,85 сомонӣ фурӯхта мешуд. Бо ин нарх ҳам доллар пайдо кардан ғайриимкон аст. Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии долларро барои рӯзи 24 август 6,3047 сомонӣ барои як доллар ва қурби рублро 98,5 сомонӣ барои 1000 рубл муқаррар кард. Асосан, Бонки миллӣ ҳамчун  ниҳоди танзимкунандаи бозори асъори кишвар дар як изҳороти охир гуфт, ки беқурбшавии тангаи қазоқӣ ба вазъи сомонӣ таъсири чашмрас нахоҳад дошт ва барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад. Бонки миллӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо шуъбаҳояш дар маҳалҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъорро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст. Ҳамчунин, барои таъмини бозор аз Чин низ ба зудӣ маблағҳои қарзӣ ҷалб менамояд. Аммо, Блумберг, яке аз бунгоҳҳои муътабари таҳлили вазъи иқтисодии ҷаҳон, чанде қабл дар пешбиниҳояш пули миллии Тоҷикистонро дар қатори 10 пуле ном бурдааст, ки дар пайи беқурбшавии танга ба хатари бештари чунин беқурбшавӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Нархи нафт ба сомонӣ ҳам дахл дорад? 

Соҳибназарон коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳониро яке аз омили асосии коҳиши босуръати қурби рубл ва пулҳои миллии кишварҳои дигари содиркунандаи нафт, аз ҷумла, тангаи Қазоқистон мешуморанд. Нархи як бушка нафти хоми Амрико рӯзи душанбе то $ 39 ва нархи як бушка нафти Брент то $ 44 поин фаромад. Ба назари коршиносон, рубл танҳо дар як моҳи охир қариб 35 дарсади қурбашро гум кард. Тангаи қазоқӣ дар ҳафтаи гузашта, баъди ба қурби озод гузаштани ҳукумати Қазоқистон дар як шаб 30 дарсад беқурбтар шудааст. Ба андешаи коршиносони иқтисодӣ, номуътадили нархи рубл дар бозор асъор, ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам бетаъсир буда наметавонад. Зеро ҳудуди 90 фоизи рубли русӣ аз тарафи муҳоҷирон ба кишвар тавассути бонкҳо  фиристода мешаванд. Ҳамзамон, Русия аз шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон ба шумор меравад. Чандин лоиҳаҳои стратегӣ аз тарафи Русия дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дар бораи таъсири эҳтимолии коҳиши рубли русӣ ба вазъи сомонӣ дар бозори асъор Константин Бондаренко, директори Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар мусоҳиба бо расонаҳо чунин иброз доштааст:  «Албатта, афтодани қурби рубл ба қурби сомонӣ таъсир мерасонад. Чунки  муҳоҷирон пулҳояшонро асосан бо рубл равон мекунанд ва ҳаҷми ин пул ба қурби асъори миллӣ дар Тоҷикистон хеле таъсир дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳаракат дорад, ки қурби сомониро нигоҳ дорад. Шояд аз тариқи аз гардиш баровардани як миқдор пули сомонӣ, ё шояд аз тадбирҳои маъмурӣ истифода барад. Мо феълан дар Тоҷикистон қурби озод шинокунанда надорем,. Лекин хоҳем-нахоҳем, баъди чанд вақт мо таҳти таъсири ин тағйирот дар бозори асъор мемонем. Фурӯхтани асъори хориҷӣ барои ҳифзи қурби сомонӣ аз сӯйи Бонки миллӣ роҳи ҳал нест. Қурб хоҳ-нохоҳ баъди чанде боло хоҳад рафт. Вале яқин аст, ки мо натиҷаҳояшро аллакай то поёни сентябр мебинем, чунки мо аз иқтисоди Русия хеле сахт вобаста ҳастем».

Аз рӯйи таҳлил ва мушоҳидаҳои охир маълум гардид, ки пули Русия нисбат ба  доллар қадраш пасттар шуда истодааст. Бидуни шак, ин омил дар бозори муомилоти  мо таъсири худро расонид. Албатта, дар навбати аввал  ба маҳсулоти истеъмолӣ ва  маводи сӯзишворӣ, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, метавонад таъсир расонад. Дар ин самт,  низоми бонкдорӣ фаъолтар бошад ва  фарқияти болоравиро дар ҷумҳурӣ назорат кунад. Ҳамчунин, ҳодисаҳои охир собит намуд, ки пули миллӣ- сомонӣ, чун пули миллии дигар давлатҳо аз нигоҳи бехатарӣ чандон таъмин нест. Кам будани маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши  моли хориҷӣ дар бозори кишвар  боиси боло рафтани қадри  доллар гашт. Ба ин нигоҳ накарда, иқтисодиёти мамлакат вобастаи маблағгузории хориҷист ва то ҳол ягон барномаи мушаххаси зиддибуҳроние аз ҷониби ниҳодҳои молиявии Тоҷикистон тарҳрезӣ нашуд, ки аз рӯйи он бояд амал кард…

Усмон Раҳимзода, «Тоҷикистон», №4,2015

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>