
овоза ва ҳақиқат …
"Ҳар рӯз дасти духтарам варам мекарду ҳолаташ на он қадар хуб буд. Ба волидони шавҳарам мегуфтам, ки кӯдакамро бояд ба духтур барам, вале онҳо иҷозат намедоданд. Дидам, ки ҳарорати бадани духтарам паст намешавад, ӯро ба беморхона овардам. Дар банди дасташ захм пайдо шуд ва сабабашро нафаҳмидам.
Овозаи худ ба худ мурдани говҳоро дар деҳаҳои наздикипойтахт фаҳмида, ба худ хулосае баровардам, ки шояд духтари ман ҳам аз говҳои хонаамон сироят ёфта бошад",-гуфт зане, ки дар беморхона бистарӣ буд...
Ин суҳбати кӯтоҳ моро водор кард, ки аз паи таҳқиқи ин мавзуъ шавем.
-Ало, салом.
-Салом.
–Оё дуруст аст, ки дар ноҳияи шумо говҳо бисёр талаф шудаву одамон низ аз ҳисоби онҳо бемор шуда истодаанд?
–То куҷо ҳақиқат доштанашро аниқ намедонам, вале чунин гап- гап аст, ки дар як канори ҳавлии беморхонаи марказӣ ҷойи махсус барои чунин беморон ҷудо кардаанд, гуфт ҳамсуҳбати мо, ки худ сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Барои ба даст овардани маълумот, роҳ сӯйи беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ пеш гирифтем. Ба шуъбаи сироятии онҷо ворид шудем, ҳама ҷо хомӯшӣ… Пас аз ифшои мақсади ташриф, мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ Абдуҳамидов тавсия дод, ки беҳтараш дар ин мавзуъ бо намояндагони маркази санитарии ноҳия ҳамсуҳбат бошем. Он ҷо бо Иброҳим Бобоназаров -директори Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрдем.
– Овозаҳои ба бемории сироятии сӯхтанӣ гирифтор шудани сокинонзиёд аст. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?
–Бале, имрӯзҳо овозаҳо дар атрофи бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёд аст, вале онҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Вазъ зери назорат қарор дорад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳама ноҳияву маҳаллаҳо ва шаҳракҳо гузаронидем. Мақсад аз ин, пешгирӣ намудани паҳншавии чунин беморӣ ва рух надодани ҳодисаҳои ба ин монанд аст.
Хабари пайдо шудани сӯхтанӣ (сибирская язва) ҳафтаи гузашта, аз тарафи шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба мо ворид гардид. Дар натиҷаи таҳлилҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ маълум гардид, ки пас аз куштани чорвои калони шохдор бо гумони сироятёбӣ ду нафар ба қайд гирифта шудааст. Худи ҳамон рӯз аз тарафи кормандони маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳамаи он нуқтаҳое, ки эҳтимолияти сар задани беморӣ ( нуқтаҳои забҳи чорво), санҷишу ташхис гузаронида шуда, аз тарафи духтурони соҳа ва кормандони марказ ҳамаи он одамоне, ки ба ин ҷо робита доштанд, аз санҷиш гузаронида шуданд. Баъди озмоишу таҳлилҳои духтурони сироятшинос маълум гардид, ки бемор С.Б дар натиҷаи куштани чорво ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шудааст. Барои муайян кардани ҳолати дигари сокиноне, ки бо ин бемор дар тамос буданд, таҳлилу санҷишҳо гузаронида шуданд. Беморро дар шуъбаи сироятии беморхона бистарӣ карда, ба муолиҷа фаро гирифтем. Пас аз муолиҷа, ки аллакай барои атрофиён бехатар буд, аз беморхона ҷавобаш доданд ва айни ҳол дар хонааш аст.
– Дараҷаи хатари бемории сӯхтанӣ то кадом андоза аст ва оё ин хатар ҷиддист?
–Бемории сӯхтанӣ бемории зооантрапанозӣ буда, манбаи сироят, ҳайвони бемор мебошад. Пас аз ин ҳодиса ба тамоми шуъбаҳои дахлдор ва идораҳои бойторӣ мактуб ирсол намудем. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои санҷишӣ муайян гардид, ки ба ғайр аз ҳамон як нафар дигар касе бо ташхиси ин бемории хатарнок ба қайд гирифта нашудааст. (сӯхтанӣ ё сибирская язва ҳамчун яроқи бактериологӣ низ маҳсуб мешавад. ред.)
– Овозаҳо шумораи онҳоро зиёд мегӯянду шумо як нафар мегӯед...
–Дар ёд дошта бошед, чанд вақт қабл овозае паҳн шуд, ки гӯё дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳасиб баъзе узвҳои занона омехта карда истеҳсол мекардаанд. Аммо ин ягон асоси воқеӣ надошт ва вобаста ба ин мавзуъ баромад ҳам доштам. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар касе овозаеро паҳн мекунад, бояд ягон факт ва далел дошта бошад. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаю канори ноҳия, яъне аз 16 ҷамоати шаҳраку деҳот хабарномаҳои таъҷилӣ ба мо ирсол мегардад. Аз ин овозаҳое, ки дар дигар ҷойҳо паҳн мешавад, ҳатто коргарони мо хабардор нестанд, чунки пояи воқеӣ надорад. Агар он дуруст бошад, чаро то имрӯз ягон ҳодисаи фавт ба қайд гирифта нашудааст? Бо қатъият ҳаминро гуфтаниам, ки мо ягон вақт аз ягон кас ягон бемориро пинҳон кардани нестем ва намекунем. Агар чунин ҳодисаҳо бошад, мо мардумро аз сироятёбии беморӣ огоҳ мекунем.
–Аммо мақоле ҳаст, ки мегӯянд: то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад. Пас кадом "шамол" сабаби ба миён омадани ин ҳангомаҳо шуд?
– Аз рӯйи нақши кории маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ҳар нафареро, ки бо гумони сироят ёфтан пайдо намоем, натанҳо худи бемор, балки тамоми атрофиёну дӯстон ва нафароне, ки дар наздикии ӯ ва ҳақу ҳамсояҳояш зиндагӣ мекунанд, аз таҳлил ва санҷишҳои сари вақтӣ бояд гузаронем. Аз ҳамин ҷиҳат, вақте ки мо ҳама одамонро мепурсему ё оварда аз ташхису таҳлилҳо мегузаронем, чунин овозаҳо зиёд мешаванд. Тасаввур кунед, агар як одам бошад, мо зиёда аз 15 нафари дигарро аз ташхис мегузаронем.
–Кадом бемориҳои дигари сироятии мавсимӣ вуҷуд доранд, ки боиси нигаронии мутахассисони соҳа гардидааст?
– Қисми ками аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, аз оби борон, чашмаҳо, наҳру дарёҳо истифода мебаранд. Ҷойи пӯшида нест, ки бештари он обҳо пас аз обёрӣ шудани заминҳои хоҷагӣ мебошад. Нӯшидани чунин об ё дар он оббозӣ кардан, сабаби бемориҳои сироятии шадиди рӯдаву меъда, ба монандӣ, энтероколит, колит, гастроэнтероколит мегарданд. Одамон бояд он оби ҷӯйборҳоро, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, нанӯшанд, онро ҷӯшонанду баъд истифода баранд. Айни ҳол, ки дар арафаи соли нави таҳсил қарор дорем, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мактуб равон кунем, ки ба бачагон танҳо оби ҷӯшонидашуда дода шавад.
Маҳина Давлатова,
«Тоҷикистон»