
Ҷамолиддин Саидшоев, сокини 44-солаи шаҳри Истаравшан, ки ҳанӯз се соли пеш хабари боздошташ ба иттиҳоми ҷиноятҳои солҳои 90-уми асри гузашта паҳн гардида буд, дар амалиёти мақомот алайҳи гуруҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҷароҳати Саидшоев, ки аз ҷониби Вазоратикорҳои дохилӣ ҳамчун узви ҲНИТ ва узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муаррифӣ мешавад, дар ҳолест, ки расо се сол пеш мақомот аз боздошти ӯ хабар доданд. Тавре мақомоти корҳои дохилӣ моҳи сентябри соли 2012 хабар доданд, Ҷамолиддин Саидшоев баъди 10 соли фирор боздошт гардид.
Мақомот Саидшоевро дар убури ғайриқонунии марз, таҳсили низомӣ ва омӯзиши кор бо маводи тарканда дар хориҷи кишвар муттаҳам карда буданд ва парванда алайҳи ӯро Сарпрокуратураи ҳарбӣ пеш мебурд. Парванда алайҳи ӯ ва даҳҳо нафари дигар аввали солҳои 2000-ум оғоз шудааст, вале ӯ фирор карда, танҳо соли 2012-ум дар зодгоҳаш боздошт гардид.
Дар ҳоле, ки ҷузъиёти раҳоияш маълум нест, тибқи иттилои мақомот Саидшоев бо ҷароҳатҳои вазнин феълан дар боздошт қарор дорад.
Тибқи иттилои ВКД то ҳол ҳудуди 55 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва 17 нафар кушта шудаанд. Дар қатори боздоштшудагон собиқ қумандонҳои мухолифин аз ҷумла Муродов Сарабек низ ном бурда мешавад.