Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Тайёраҳои бепилоти Русия дар фазои Тоҷикистон

$
0
0

Тайёраҳои бесарнишини русӣ дар 40-километрии шаҳри Душанбе ба аввалин парвозҳои худ оғоз кардаанд.Округи марказии ҳарбии Русия

хабар додааст, ки ин аввалин парвозҳои тайёраҳои бесарнишини русии “Леер-2” ва “Гранат-1” барои таъмини омодагии муштараки неруҳои ҳарбии Тоҷикистон ва Русия дар чиҳилкилометрии ҷануби Душанбе мебошад.Дар ин хабар парвозҳоро омӯзишӣ номидаанд ва гуфта мешавад, ки ҳадаф мубориза зидди неруҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар маҳалҳои куҳиву наздикуҳӣ аст.Тайёраҳои бе сарнишин амалиётҳои ҷосусии оптикӣ ва радиоэлектрониро анҷом медиҳанд, ҳамчунин гурӯҳҳои мусаллаҳро дар ин манотиқ меҷӯянд ва ҷойгиршавии қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ ва низоми будубоши онҳоро дар ин минтақа ҳамоҳанг мекунанд. Хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбии Русия гуфтааст, ки дар ин омӯзишҳо равишҳои муқобила бо гуруҳҳои муташаккили мусаллаҳ, амалҳои якҷояи тактикӣ, таъмини системаи муштараки алоқа ва идорӣ тамрин мешавад.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>