
Имшаб соати сеи шаб як гурӯҳи мусаллаҳ ба ШКД-и ноҳияи Ваҳдат ҳуҷум оварда, чор нафар милитсионерро ба қатл расонидаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо наздикони Умар Бобоҷонов будаанд, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат бар асари зарбу лат хобида буд. Ин гурӯҳи мусаллаҳ яроқро аз як қисми ҳарбие, ки дар наздикии гардиши фурӯдгоҳи Душанбе воқеъ аст, ба таври пинҳонӣ рабудаанд ва маҳз бо ҳамин яроқҳо ба ШКД ҳуҷум кардаанд. Ҳоло онҳо ба тарафи номаълуме ғайб задаанд ва мақомот аз паи ҷустуҷӯи онҳо мебошанд
Addthis: