Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Тураҷонзодаҳо дигар ба саволҳо ҷавоб намедиҳанд

$
0
0

Саволу ҷавоб тавассути торнамои Turajon.org - веб-сайти хонаводагии бародарон Турҷонзодаҳо  қатъ шудааст.

Масъулини торнамо далели онро маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин веб-сайт хондаанд. Дар иттилоияи Turajon.org, аз ҷумла омадааст: “ Мутаассифона, истифода намудани Торнамои мо дар дохили ватан аз ҷониби ширкатҳои интернетӣ, ки фармон шудаанд, масдуд шуда аст. Аз ин сабаб барои мо хидмати шуморо кардан мушкил шуда аст ва мо наметавонем суолҳои шуморо қабул кунем”.

Вале дар идома таъкид шудааст, дар сурати рафъ шудани ин маҳдудият ва ё пайдо шудани роҳҳои дигар дубора суолу ҷавоб дар ин торнамо аз сар гирифта хоҳад шуд.

Торнамои Turajon.org, ки ба бародарон Тураҷонзодаҳо тааллуқ дорад, ягона сомонаи фаъоли исломӣ дар Тоҷикистон буд, ки сокинон ба пурсишҳои худ аз нигоҳи шариати исломӣ посух мегиранд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>