
Акбари Саттор , раиси Иттиҳодияи журналистон ва узви Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон имрӯз, 29 август дар зодгоҳаш деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо ӯ Усмон Сабзов - раиси ноҳияи Ҳисор, Муродалӣ Алимардон - роҳбари “Агроинвестбонк” ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва шумораизиёди хабарнигорон аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.
Акбари Саттор рӯзи 28 август дар 50-солагияш аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Акбари Саттор бар асари сактаи қалбӣ дар манзили худ ҷон додааст.
Addthis: