Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Михаил Петрушков: Сайёф хизматгори Амрикост

$
0
0

Банда одате дорам, ки кӯшиш мекунам, ҳамаи он сайтҳои русиеро,  ки дар бораи Тоҷикистон  менависанд, пайгирӣ намоям. Дар ин сомонаҳо ва нашрияҳо агар дар бораи ягон ҷиноят ва қонуншикание аз ҷониби  муҳоҷирони меҳнатӣ равад, ҳатман бо калимаи "таджик"оғоз мегардад. "Вчера один таджик на перекрёстке улице Варламова напал на пенсионерку..."На ҷинояткор, на авбош, балки ҳатман "таджик" .

Яъне расонаҳои русӣ имрӯз тоҷикро синоними ҷинояткор кардаанд. Баъдан маълум мешавад, ки он нафари ба нафақахӯр дарафтода на тоҷик, балки шаҳрванди худи Русия аз Доғистон будааст. Вале аллакай тир парронда шуд ва боз як нафақахӯри рус баъд аз хондани ин сатрҳо агар дар кӯча ба тоҷике дучор ояд, маълум, ки чӣ гуна ҳиссиёт нисбати ӯ хоҳад дошт...Аммо вақте,  ки як тоҷик  бо номи Равшан (!)  зиёда аз 12 ҳазор  доллари як ҷуфти гунгро аз маршруткааш пайдо карду соҳибонашро ёфта баргардонд, "НТВ"ҳатто ёдовар ҳам нашуд,  ки  ин марди бовиҷдон тоҷик асту муҳоҷири меҳнатӣ!  Кайҳо ба  хондани чунин "антирекламаҳо"одат кардаем, аммо вақте ки дар сомонаи “Ритм Евразии” як мақолаи журналист ва нависандаи рус Михаил Петрушков "Информационная политика России в Таджикистане: перипетии и неожиданные повороты"-ро хондам, комилан ҳайратзада шудам. Баъд аз мутолиаи он мақоли халқии "Ҳам ғаррию ҳам фаранҷӣ"ба ёдам омад. Аввалин чизе, ки мағзи маро ба ҷунбиш овард, ин Сайёфи Мизробро "антирус"ва хизматгори Ғарб муаррифӣ кардани ҷаноби Петрушков буд. Сайёферо, ки таҳсилдидаи шаҳри зиёиёни рус- Санкт Петербург ва ҷонибдори "СССР"асту ҳама корро метавонад! 

Агар Сайёф хизматгори Амрикою Ғарб  бошад, пас ман амакбачаи Обама ҳастам. "Гуноҳи"Сайёф ин будааст, ки кирдори сарбозони русро тавре ки суд муайян кардааст, баён доштааст. Яъне гуфтааст, ки сарбозон ҳатто сари одамонро аз тан ҷудо кардаанд. Магар ӯ дурӯғ гуфт ва сарбозони сармаст сари одамонро сила карда буданд? Дар мақолаи худ Петрушков инчунин, ҳамаи расонаҳои мустақили Тоҷикистонро чун рупори кишварҳои ғарбӣ муаррифӣ карда, мегӯяд, ки онҳо ба осиёби мухолифони Русия об мерезанд. Аҷаб, агар ягон нашрияи тоҷикӣ дар мавриди кирдорҳои ғайриахлоқии сарбозони рус  сухане нависад, магар вай ҳатман "душмани Русия"асту дӯсти Амрико? Ин мантиқи  Петрушковро фаҳмидан душвор. Агар аз паи он равем, пас тамоми нашрияҳои русӣ, ки дар мавриди аз маҳбас озод шудани "дузди Вазорати Мудофиаи Русия - Татяна Василева"ва ғайриқонунӣ будани ин озодшавӣ навиштанд, аз ин ҳам бештар "душмани Русия"ҳастанд, ки натиҷаи кори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишварро зери шубҳа мегузоранд.  Акнун дар бораи "неожиданные повороты"...

Ин гардишҳо ҳаргиз "неожиданный"набуданд. Онҳо замоне сар шуданд, ки ҷанобони сармоягузори НОБ-и Роғун  аз тарси ҳамсоягони Тоҷикистон нахостанд ба ин сохтмони сарнавиштсози миллати тоҷик саҳмгузорӣ кунанд, замоне сар шуд, дар Русия ба Равшану Ҷамшудсозӣ сар карданд ва замоне идома дошт, ки ВАО-и русӣ дар симои ҳар як  мардикор дузду роҳзанро  ба намоиш мегузошт. Инак, замоне идома дорад, ки сари ҳар қадам боз барои  тоҷикон  садди чинӣ месозанд ва мақсади ниҳоӣ ин аст, ки онҳоро пурра аз сарзамини як вақтҳо муштаракашон берун кунанд. Ин ҷо на Амрикою Ғарб ва на Чину Эрон саҳмгузор нестанд ва дар Тоҷикистон мавқеи русҳоро худи русҳо танг мекунанд. Вагарна, на дар тинати ВАО-и тоҷик ва на дар тинати мардуму роҳбарони он тавре ки муаллифи мақола  мегӯяд,  "русофобия"нест. Ин худи дастандаркорони рус  ҳастанд, ки мехоҳанд тухми чунин як "рустан"-и ногуфтаниро ба ин сарзамин пошанд.  Гилаи ҷаноби Петрушков  дар ин маврид аз ВАО-и тоҷик комилан ноҳақ аст. Дар мақолаи ӯ ба як андешааш дар мавриди танбалии сохторҳои масъули Русия дар Душанбе комилан мувофиқ ҳастам. Воқеан ҳам сафорати Русия нисбат  ба сафорати кишварҳои дигар хеле камфаъолият аст. Сафирони дигар кишварҳо сари ҳар вақт барои журналистон ва роҳбарони соҳаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатии ҳаргуна нишасту ҷамъомадҳо ташкил мекунанд ва дар онҳо сиёсати кишварашонро иброз менамоянд. Аммо ман ёд надорам, ки чунин як корро сафорати Русия ва ё намояндагии дигар сохторҳои ин кишвар дар Тоҷикистон анҷом дода бошанд. Гузашта аз ин, сафирони кишварҳои ғарбӣ барои ВАО-и тоҷики хеле дастрасанд. Ҳатто сафоратхонаҳои Озарбойҷон ва Қазоқистон дар таблиғи сиёсати кишварҳои худ  чандин маротиба нисбат  ба сафоратхонаи Русия пешсафтаранд. Он чи ки нашрияҳои тоҷикӣ бо сафири Украина мусоҳиба кардаанд, ин аз кордонию маҳорати кормандони ин сафорат маншаъ мегирад, на аз "бадбинии"журналистони тоҷик. Русҳо низ метавонистанд назари сафири худро  нисбат ба ҳаводиси Украина баён кунанд ва ба гумони ман, ягон нашрияи Тоҷикистон онро рад намекард. Зеро ҷаноби Петрушков бояд мардонавор иқрор шавад, ки озодии матбуот дар Тоҷикистон нисбат ба Русия хеле ва хеле беҳтар аст.

  Вақте ки маводи нашрнамудаи Петрушковро мехонӣ, ба хулосае меоӣ, ки дар Тоҷикистон гӯё як гурӯҳи махсуси нашрияҳо вуҷуд доранд, ки маҳз ба хотири бадном кардани Русия созмон дода шудаанд ва онҳо нуфузи ВАО-и русиро камтар мекунанд. Ин тарзи андешаронии ӯ  хонандаи ноогоҳро ба гумроҳӣ мебарад. Ҳол он ки агар ба хонаи ҳар тоҷик дароӣ, ҳатман он ҷо дар ТВ каналҳои русиро мебинӣ. Ин супориши ҳукумат не, ин минталитети мардуми мо  аст, ки аввалан забони русиро медонанд ва сониян бештар ба иттилооти он боварӣ доранд.   Таври маълум, дар Тоҷикистон ҳамаи нашрияҳои русиро  дархост намуда,   дарёфт кардан мумкин аст. Дар Душанбе  машҳуртарин нашрияҳои ин кишвар "АиФ"ва "Коммсолская правда"  бознашр мешаванд, на "Вашингтон пост"ё "Гардиан". Пас, ба хулосае омадан мумкин аст, ки "Информационная политика России в Таджикистане: перипетии и неожиданные повороты"на бо мақсади беҳтар намудани вазъ дар ин самт, балки боз ҳам чуқуртар кардани ҷудоӣ равона карда шудааст. Агар чунин сиёсати таблиғотии Русия дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ин кишвар ба ҳамин шакл идома ёфтан гирад, ба наздикӣ ба ҷойи ду нашрияи дар боло номбар кардаамон дар дӯконҳои газетафурӯшии Душанбе  "Женьмень  жибао"ва ё "Нью Йорк таймс"-ро хоҳем дид. Онҳо Русияро чӣ гуна муаррифӣ мекунанд, ҳамарӯза дар "Евронюс"дида истодаем...

Абдумудассир АҲМАДЗОДА, “Тоҷикистон”, №34, 2015

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>