Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Патрушев аз Русия ба ДИИШ рафтани тоҷиконро эътироф мекунад

$
0
0

Николай Патрушев , дабири Шӯрои амнияти Русия, аз тӯъмаи мубаллиғони гурӯҳи "Давлати Исломӣ"ё ДИИШ-и собиқ шудани  муҳоҷирони кориро эътироф кард.

Вай гуфт: "мубаллиғони гурӯҳи "Давлати Исломӣ"дар миёни муҳоҷирони корӣ бештар шудаанд. Онҳо талош доранд, ки бо ваъдаи зиндагӣ ва шароити беҳтар асосан муҳоҷиронро ба Ироқу Сурия бубаранд."

Бино ба иттилои расмӣ то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагӣ дар Русия ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, аз 519 шаҳрванди кишвар, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд, қисми асосиашон муҳоҷири корӣ буда, солҳо боз дар Русия қарор доштаанд.

То ин дам ҳадди ақалл мақомоти расмии Тоҷикистон ду бор дар бораи ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар масҷидҳои Русия ба сафи "Давлати Исломӣ"сӯҳбат кардаанд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта Акрам Амонов -- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми суханронияш дар палатаи поёнии парлумони кишвар ошкоро аз маҳалли “Роспект Мира”, макони калонтарин Масҷиди Маскав ёдовар шуд ва гуфт, ки ҷангиёнро аз онҷо ба Сурия мефиристанд.

Аммо Дамир Ҳазрат Муҳиддинов, ноиби раиси Идораи мусулмонони Русия, ки моҳи июл дар ҳошияи конфронси байнулмилалии “Ислом алайҳи терроризм” дар Душанбе сӯҳбат мекард, таблиғи ифротгароиро дар дохили масоҷиди Русия ғайримкон донист. Муҳиддинов гуфт, феълан дар Русия 8 ҳазор масҷид вуҷуд дорад, ки комилан таҳти назоратанд.

"Мо аз забони ашхоси расмии бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мешунавем, ки дар масҷидҳои Русия бахусус масҷиди ҷомеаи Маскав ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористиву тундгаро сурат мегирад. Мо қатъиян ба чунин масъалагузорӣ мухолиф ҳастем ва то андозае як навъе таҳқир ҳам дар нисбати рӯҳониёни ин кишвар меҳисобем"- гуфт ноиби муфтии Русия ва афзуд, ки ҷилавгирӣ аз таблиғгарони ифротӣ вазифаи мушаххаси мақомоти интизомӣ ва сохторҳои махсус аст ва онҳо бояд дар ин самт кор бубаранд.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>