
Марг дар кишвари бегона ба умеди дунбаи нася
Шермуҳаммад Хоркашев, ҷавони 27 солае аз ноҳияи Бохтар, соли 2014 ба сафи гурӯҳи "Давлати Исломӣ шомил шуда буд ва ба маълумоти хонаводаи Хоркашевҳо як ҳафта пеш дар Сурия кушта шуд.
Шермуҳаммад бародарзодаи паҳлавони гуштигир, узви Федератсия самбои Тоҷикистон Набимуҳаммад Хоркашев аст. Шермуҳаммад Хоркашев соҳиби ду фарзанд буд ва ба гуфтаи хонаводааш то соли 2014 дар Санкт- Петербурги Русия зиндагӣ мекард. . Падари ӯ Давлатбек Хоркашев гуфтааст, ки моҳи март аз намояндагони сохторҳои амниятӣ шунидааст, ки писари ӯ дар асл на дар Русия, балки дар Сурия аст ва аз ҳамон ҷо занг мезанад. Хабари марги писарро ҳам дар ҳафтаи ҷорӣ ба ӯ намояндагони амният расонидаанд.
Файзулло Раҷабов, як масъули шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии ҷамоат хабари дар Сурия кушта шудани Шермуҳммад Хоркашевро тасдиқ кард. Хонаводаи Хоркашевҳо мегӯянд, ин шунидани ин хабар бисёр озурда шудаанд ва намехоҳанд дар ин бора зиёд сӯҳбат кунанд. Онҳо афсӯс мехӯранд, ки дар бораи сарнавишти фарзанди худ маълумоти бештар надоранд. Шермуҳаммад Хоркашев сокини деҳаи Свердлови ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"- и ноҳияи Бохтар буда, бори охир бо нияти кор дар Русия соли 2013 манзилро тарк карда буд. Ба бовари сохторҳои амниятӣ, ки бо падараш сӯҳбат кардаанд, баъди як соли фаъолият дар Русия ӯ нахуст ба Туркия ва баъдан ба самти Сурия рафтааст.
Бар тибқи иттилои мақомоти Бохтар, танҳо аз ҷамоати "Сарвати истиқлол"-и ин ноҳия тоҳ ҳол се ҷавон кушта шудаанд. Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби мақомот, дар ҷангҳои Сурия наздики 30 сокини маҳаллӣ иштирок мекунанд.
Иброҳим Низомов, раиси маҳаллаи Свердлов гуфт, ки баъди ба Сурия рафтани гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи онҳо, чеҳраи чанд нафарашон дар наворҳои пахшкардаи гурӯҳи "Давлати исломӣ"зоҳир шудаанд. Мақомоти амниятӣ гуфтаанд, ки моҳи октябри соли 2014 гурӯҳе аз ҷавонони ноҳияи Бохтар, ки дар як ширкати фурӯши меваҷот дар Санкт-Петербург кор мекарданд, ба Сурия рафтаанд. Тибқи титтилои расмӣ, чаҳор сокини деҳаи Свердлов низ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуданд. Аз ин гурӯҳ танҳо як нафар- Қудратулло Гулов зинда будааст. Дигарҳо ҳама кушта шудаанд. Сокинони деҳаи Свердлов мегӯянд, ки хонаводаи ин ҷавонон ҳама ваҳшадзада ва андуҳгин буда, ва намехоҳанд дар ин маврид бо дигарҳо сӯҳбат кунанд. Айни замон, сохторҳои қудратӣ онҳоро ҳар вақт мавриди бозпурсӣ қарор медиҳандАз миёни ин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол сарнавишти зане аз ноҳияи Бохтар норӯшан шудааст.
Сарвиноз Сайдалиеваи 29-сола ҳамроҳ бо ҳамсараш Маҳмадшариф Сайдалиеви 30-сола ва се фарзандаш аз Маскав ба Туркия ва баъдан Сурия рафтааст. Баъди кушта шудани шавҳар у дар он ҷо тифли чаҳорумашро ба дунё овард. Сарвиноз дар оғоз аз хонаводаашон дархости кӯмак мекард ва мегуфт, ки ин маконро тарк кардан мехоҳад, вале пул надорад, ки берун равад. Дар ин авохир ӯ сӯҳбатҳои телефонӣ бо хонаводаи шавҳарашро кам кард ва дигар аз худ дарак намедиҳад.
Бинобар иттилои Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон, беш аз 500 шаҳрванди ин кишвар барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати “Давлати исломӣ” ба Сурия рафта, хабари марги 150 нафари онҳо тасдиқ шудааст.