Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Остона барои варзишгарони тоҷик баландӣ кард

$
0
0

   Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум гаштанд.

Гуштингири тоҷик Умед Абдураҳимов рӯзи 25 август дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Марко Викисевич (Сербия) мағлуб шуд.

26 август, боз ду намояндаи Тоҷикистон ба нокомӣ дучор шуданд - Кароматулло Ҳакимов, ки дар аввалин рақобати худ бар Неоклис Скоуромоунис (Кипр) дастболо гардид, дар даври баъдӣ аз Ням-Очир Саинҷаргал (Муғулистон) шикаст хӯрд. Шӯҳратҷони Фархизода низ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҷосуа Депрез (Гаити), дар даври дувум қувваозмоиро ба Ҷаромир Ҷезек (Ҷумҳурии Чех) бохт.

Ба дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ин мусобиқа, ки то рӯзи 30 август идома меёбад, ҳашт варзишгар  - Умед Абдураҳимов, Кароматулло Ҳакимов, Шӯҳратҷони Фархизода, Фарҳод Раҳимов, Саидҷамол Алимардонов (ҳарду дар вазни 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) шомиланд.

Рақибони паҳлавонони дигари тоҷик дар даври муқаддамотӣ инҳоанд: 27 август – Саидҷамол Алимардонов – Свейнбҷом Иура (Исландия), Фарҳод Раҳимов – Травис Стевенс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), 28 август – Комроншоҳи Устопириён – Каролис Бауза (Литва), 29 август – Саидҷалол Саидов – Герго Фогасу (Маҷористон) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – Ислом Ал-Шаҳобӣ (Миср).

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>