
Бо дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон маъмурони Суди олии иқтисодӣ ба дари қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломӣ, воқеъ, дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе мӯҳр заданд.
Бо қарори Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт баста шуд.
Тӯли се рӯзи гузашта ба дари 17 дӯкони воқеъ дар наздикии масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб, ки бештар китобҳои динӣ, либосҳои занона ва тасбеҳу ҷойнамоз мефурӯхтанд, низ қуфл зада шудааст. Ин кор баъд аз тафтиши як комиссияи ҳукуматӣ аз сӯи шаҳрдории Душанбе сурат гирифтааст.
"Инак, се рӯз мешавад, ки дари дӯконҳо бастааст ва мо мунтазири иқдоми баъдинаи ҳукумати Душанбе мебошем, ки чӣ кор кунем,"– мегӯянд фурӯшандагони ин дӯконҳо . То замоне ки ҳукумати шаҳри Душанбе иҷоза надиҳад, онҳо ҳаққи боз намудани фурӯшгоҳҳояшонро надоранд.
Чунин тасмим баъд аз ҷаласаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар масъалаи либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона, ки 19 август дар “Кохи Ваҳдат” баргузор шуд, гирифта шудааст. Шаҳрдори Душанбе дар ин нишаст аз таблиғи фарҳангҳои бегона дар пойтахти кишвар ва аз бетарафии бархе аз афроди масъул изҳори нигаронӣ карда, ба сохторҳои зидахл дастур додааст, ки дар тамоми марказҳои савдою тиҷорат ва бозорҳои шаҳр ворид ва фурӯши либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро пешгирӣ кунанд