Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Садама дар Данғара

$
0
0

Дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Данғара як зани 33-сола ба ҳалокат расидааст. 

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин садама рӯзи 23 август соатҳои 15:40 дар ҳудуди деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар тарафи чапи роҳ чаппа шудааст”. 

Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, зани 33-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles