Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Кордзанӣ дар боғи Фирдавсӣ

$
0
0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти чор ҷавоне дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешаванд. 

22 август тахминан соати 11:30 дар гулбоғи бо номи “Абулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе ҷавони 24-сола, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон судшудааст, ҳамроҳ бо се нафари дигар -- ҷавонони 30 ва 22-сола ва ноболиғи 16-сола, тартиботи ҷаъмиятиро вайрон намуда, ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда, ба қафаси синааш 1 маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”. 

Манбаъ меафзояд, ҷабрдида зарари ҷисмонӣ бардоштааст: Нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад”.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>