
Дар ду моҳи охир то 1000 тарафдори Ҳизби наҳзати исломӣ аз Тоҷикистон рафтаанд. Рафтани теъдоде аз аъзои Ҳизби наҳзати ислом аз Тоҷикистонро бархе фирор, аммо масъулини ҳизб “ҳиҷрати муваққатӣ” унвон кардаанд.Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзат, ки баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол бо ҳадафи иштирок дар нишастҳои байналмилалӣ аз кишвар берун шуд, дигар барнагашт. Ҳоло “ҳиҷрат”-и намояндагони дигари ин ҳизб ба хориҷ мушоҳида мешавад. Масъулони ин ҳизб мегӯянд, ки воқеан, моҳҳои ахир аз Тоҷикистон берун рафтани аъзои ҳизб афзоиш ёфтааст, аммо теъдоди дақиқи онҳо маълум нест. Тахмин мешавад, ки дар ду моҳи ахир аз 500 то 1000 “наҳзатӣ” ба қасди ҳиҷрат ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аз кишвар берун шуданд.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфтааст,ки аксари аъзои ҳизб зери фишор шуғлашонро аз даст додаанд ва аз хавфи фишори бештар Тоҷикистонро тарк карданд. Аммо Ҳусайнӣ гуфт, онҳо талош доранд, то ҷилави рафтани аъзои ҳизбро бигиранд.
“Бисёр мехоҳем, ки аъзои мо дар ҳамин ҷо бошанд. Зеро бинобар фаъол шудани гурӯҳҳои тундгаро дар Русия ва дигар кишварҳо мо хавф дорем, ки аъзоёни мо он ҷо бираванд ва дар васвасаи кадом гурӯҳҳое биафтанду онҳо хушбоварӣ карда, ба ин гурӯҳҳо бипайванданд. Сиёсати сабру таҳаммули моро гурӯҳҳои тундгаро зери танқид қарор доранд ва ин хатар ҳаст, ки онҳо бо истифода аз ин аъзои ҳизби моро дилсард карда, ба худ ҷалб кунанд ва моро бадном созанд. Аммо мо наметавонем пеши роҳи ҳама аъзои ҳизбро бигирем ва танҳо ба фаъолони ҳизб таъкид мекунем, бимонанд”- гуфт Саидумар Ҳусайнӣ.
Сар аз соли 2010 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишори афзоянда бар аъзояш шикоят мекунад. Аммо мақомот мегӯянд, ин ҳизб нуфузашро аз даст додааст ва акнун баҳонасозӣ мекунад ва бо ин “шиорҳои беасос” мехоҳад, худро як ҳизби барои ҷомеа муҳим муаррифӣ кунад.