Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Бонки миллӣ хоҳишмандонро ба кор даъват мекунад

$
0
0

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар шӯъба ва идораҳои ин ниҳод, аз ҷумла дастгоҳи марказиаш озмун эълон кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, баъзе аз мансабҳо дар Дастгоҳи марказӣ, Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти аудити дохилӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ, Департаменти технологияи иттилоотӣ, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт дар бозори озод, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Бахши хариди ин ниҳоди пулии кишвар холӣ мебошанд.

Манбаъ таъкид кардааст, дар ин озмун довталабоне метавонанд, иштирок кунанд, ки мутахасси варзидаи соҳаи бонкдорӣ, соҳаи технологияи иттилоотӣ, ҳисобдорӣ, аудит, омор, ҳуқуқ, иқтисод буда, макотиби олии кишварро бо ихтисосҳои “Молия ва қарз”, “Муносибатҳои байналхалқӣ”, “Ҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Барномасозӣ”-ро хатм кардаанд ва инчунин забони давлатӣ, англисӣ ва русиро хуб медонанд.

                                                                              

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>