Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Тоҷикистон аз Афғонистон пуштибонӣ мекунад

$
0
0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маросими таҷлил аз солгарди Рӯзи истиқлоли Афғонистон дар Душанбе гуфт, ки "мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст ва ҳамзабони Афғонистон дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ пуштибонӣ намуда, ҷонибдори иштироки фаъолонаи Афғонистон ва узвияти комили он дар СҲШ мебошем."

Сироҷиддин Аслов таъкид кард, ки  Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи наздик омодаи кумаку мусоидати лозим барои Афғонистон дар ин замина аст.

Зеро ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, “кишварҳои мо дар таъмини амният, субот ва пешрафти минтақа манфиати ҳаётӣ доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дарёфт, ки калиди аслии ҳалли мушкилот ва проблемаҳо ваҳдат ва иттиҳоди матин ва содиқона аст ва мо ҷонибдори тақвияти низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистон мебошем.”

Сироҷиддин Аслов сулҳу амният дар Афғонистонро амнияти пойдор дар минтақа ва ҷаҳон донист.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҳимоят ва кумаку мусоидатҳои ҷониби Тоҷикистон ба унвони як кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя изҳори қадрдонӣ кард ва ба густаришу тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо бо ин кишвари Осиёи Миёна таъкид намуд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>