
Варзоб яке аз минтақаи калидии сайёҳии Тоҷикистон шинохта шуда, ҳамарӯза меҳмонони зиёди дохил ва хориҷи кишвар аз ин мавзеъ дидан мекунанд. Савзаалӣ Назирзода, ҳамагӣ чанд моҳ пеш Раиси ноҳияи Варзоб таъин шудааст. Ӯ баъди қабули шаҳрвандон розӣ шуд, то ба чанд саволи “Тоҷикистон” вобаста ба фаъолияти мақомоти ноҳия, мушкилоти нарасидани замини наздиҳавлигӣ, туризм ва ғайра ҷавоб гӯяд.
-Муҳтарам Назирзода, Шумо раиси тозатаъин ҳастед. Мехостем донем, ки корро аз чӣ оғоз кардед ва барои беҳтар намудани шароити туризм ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ноҳияи Варзоб чӣ корҳо анҷом расонида мешаванд?
-Якум, ман кадри пойтахт ҳастам ва солҳои зиёд дар вазифаҳои пурмасъулият дар шаҳри Душанбе кору фаъолият доштам. Бинобар ин, барои аз наздик шинос шудан бо мардуми ноҳия вохӯриро оғоз кардам. Тамоми деҳоту ҷамоатҳо рафта, аз мушкилоти мардум пурсон шуда, арзи дилашонро гӯш кардам ва таклифу пешниҳодҳои зиёдеро дар худ навишта кардаам ва пайи амалишавии онҳо камари ҳиммат бастаам.
Дуюм, қаблан масъулияти ободонии шаҳри Душанбе, махсусан, таъмини Тоҷикистон бо гулу дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз ба дӯши ман вогузор шуда буд. Аз ҷумла, ободу сарсабз намудани “Боғи Парчами миллӣ”-и пойтахт ва “Қасри миллат” ба дӯши мо гузошта шуда буд. Ҳоло кӯшиши мо ба ободонии ноҳияи Варзоб равона гардидааст.Чун ин ҷо мавзеи муҳими сайёҳӣ маҳсуб меёбад,тасмим гирифтаем, ки тамоми иншоотҳои истироҳатии ноҳияро бо ҷалби сармояи дохилӣ фаъол гардонида, шароити будубош ва истироҳатро барои меҳмонон муҳайё созем. Аллакай мавзеи истироҳатии “Кохи Малика” ва чандин меҳмонхонаҳои замонавии дигар дар минтақаи истироҳатии Гулобод мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин ҷо барои гузаронидани чорабиниҳои дохилию байналмилалӣ, конфронсҳо ва истироҳат шароити мусоид фароҳам мебошад. Инчунин, истироҳатгоҳњои “Хоҷа Оби Гарм”ва “Сароб” аз нав таъмир карда шуданд. Чанде қабл гурӯҳи меҳмононро аз Ҷумҳурии Туркманистон ва варзишгароне, ки дар марафони вилояти Суғд ширкат карданд, ба “Хоҷа Оби Гарм” ташриф оварданд. Ин оѓози кор аст.Корҳои созандагиву бунёдкориро дар Варзоб якҷоя бо мардуми ноҳия боз њам ривољ доданием.
-Айни замон миқдори мавзеъҳои истироҳатӣ дар ноҳияи Варзоб чӣ қадар аст?
- Дар ноҳия 920 минтақаи истироҳатӣ мавҷуд буда, аз ин 47-50 тоаш истироҳатгоҳҳои оммавист, дар ин ҷо меҳмонони дохил ва хориҷӣ қабул карда мешаванд. “Кохи Малика”, ки бо тарзи меъмории замонавӣ сохта шуда, чанде қабл мавриди истифода қарор гирифт, аз ҷумлаи онҳост. Ин ҷо тамоми шароити истироҳатӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки бештари минтақаҳои истироҳатии дар Варзоббуда хусусӣ мебошанд.
-Таҳлилгарон нақши ВАО, махсусан телевизион, матбуот ва интернетро дар ҷалби бештари сайёҳон ба мавзеъҳои истироҳатӣ муассир медонанд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таблиғу ташвиқи Варзоб камтар аст. Оё мақомоти иҷроияи ноҳияи Варзоб сомонаи худро дорад, ки он ҷо дар бораи мавзеъҳои истироҳатӣ маълумоти лозимӣ ҷой дода шуда бошанд?
-Вақте ман ба ҳайси раиси ноҳия фаъолиятро оғоз кардам, аввалин масъалае, ки гузоштам, фаъол гардонидани сомонаи мақомоти ноҳия буд. Айни замон бо ҷалби мутахассисони соҳа маълумотномаҳо гирдоварӣ шуда, нияти фаъол намудани сомонаи махсуси мақомоти ноҳияи Варзобро дорем. Ҳамзамон, мақсад дорем, ки дар мақомоти ноҳияи Варзоб шуъбаи махсуси сайёҳӣ фаъол карда шавад. Мушкилоти дигар ҳам дорем. Аксарияти минтақаҳои истироҳатӣ дар тавозуни мақомоти давлатӣ қарор доранд. Яъне, соҳибмулк мо нестем. Аз пеши худ ҳам таблиғу ташвиқи истироҳатгоҳҳои ноҳияро надорем. Агар онҳоро таблиғ кунем, шояд онҳо омодаи қабули меҳмонон набошанд. Масалан, мавзеи истироҳатӣ- варзишии “Сафедорак” дар тобеияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” дар тавозуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон қарор дорад. Кори таблиғотиро танҳо мақомоти ноҳияи Варзоб анҷом дода наметавонад, дар ин ҷо ҳамоҳангии тамоми сохторҳои марбутаро лозим медонем.
-Ҳамасола дарахтони зиёди сояафкану ҳамешасабз дар шоҳроҳ ва даромадгоҳи мақомоти ноҳия шинонида мешавад. Чаро бештарашон мехушканд?
Ман то ҳол дарахтони хушкшударо надидаам. Аммо имсол нисбат ба соли гузашта ҳаво гармтар омад. Табиист, ки баъзеи дарахтон баргашон хушк шуданд, вале танаашон об доранд, умеди дубора сабзонидан ҳаст.
-Сокинони мавзеи Зоғар аз набудани об шикоят доранд. Онҳо баъди таъин шудани Шумо ба ҳайси раиси ноҳия дар ин бора муроҷиат ҳам карда будаанд. Аз мушкилоти онҳо хабар доред?
-Бале, ғайр аз қабули шаҳрвандон дар мақомоти ноҳия, боз ба ҷамоат ва деҳотҳо рафта, бо мардум вохӯрӣ анҷом медиҳам. Қариб бо сад нафар истиқоматкунандагони мавзеи Зоғар суҳбат доштам. Барои баровардани об ба мавзеи Зоғар гурӯҳи корӣ таъсис додаем. Масофаи баровардани об 4 километрро ташкил медиҳад, ки ин ниҳоят мушкил аст. Замини қубургузар сангзор аст. Ҳисоб карда баромадем, маблағи калон сарф мешавад. Аз деҳае, ки қубури об бояд гузарад, аллакай сокинонаш байни худ нофаҳмӣ доранд. Баъди омӯзиш бо мутахассисон, ба хулосае расидем, ки чоҳи амудӣ канда, мардуми Зоғарро бо оби зеризаминӣ таъмин созем. Бинобар набудани имкониятҳои молиявӣ, инро то соли оянда ба таъхир гузоштаем.
- Дар ноҳияи Варзоб корхонаҳо фаъолият доранд? Умуман, рушди саноат дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Дар ноҳия корхонаҳо қариб фаъолият надоранд гӯем, хато намешавад. Ҳамагӣ 3 корхонаи саноатӣ дорем, ки он ҳам мавсимист. Ин корхонаҳо ба коркарди ангишт, сементбарорӣ ва қуму шағал машғуланд. Қарзи бақияи андоз ҳам аз ҳисоби ҳамин корхонаҳост.
-Пас, буҷети ноҳия аз кадом ҳисоб пур карда мешавад?
-Ноҳияи мо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад. Сарчашмаҳои дигари даромад ҳам дорем. Ин қисман аз ҳисоби мағозаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва истироҳатгоҳҳост.
-Азим Иброҳим, муовини Сарвазир дар ҷаласае изҳор доштааст, ки дар асоси нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди корхона ва коргоҳҳои хурди коркарди шир пешбинӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар ҳудуди 17 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 17 корхонаи коркарди шир фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 13-тои он ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф рост меояд. Мутаассифона, то имрӯз дар ноҳияи Варзоб вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Сарвари давлат нақшаҳои амал таҳрезӣ нагардидаанд. Сабаб чист?
-Албатта, аввал барои бунёди корхонаи коркарди шир замина лозим аст. Ин маънои онро надорад, ки ноҳияи мо дар атрофи пойтахт ҷойгир асту ин гуна корхонаро бунёд намоем. Тасаввур кунед, ки корхонаро сохтем, маҳсулоти хомро аз куҷо мегирем? Дар мо фермаҳои чорводорӣ нест. Варзоб куҳистон - қариб 6 моҳ барф хоб аст. Барои истеҳсоли шир бояд хӯроки чорворо таъмин кард. Заминҳои корам надорем. Мардум каму беш шир истеҳсол мекунанд, вале шахсист, ба бозорҳои атрофи ноҳияи Варзоб ва пойтахт бурда мефурӯшанд.
-Мегуфтед, ки чӣ қадар замини наздиҳавлигӣ ба аҳолии ноҳия тақсим шудааст?
-5 ҳазор нафар барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ бо ариза муроҷиат кардаанд, ки 1300 нафарашон бо қитъаи замин таъмин шудаанд. Эҳтиёҷмандони қитъаи замин дар ноҳия зиёд, аммо замин кам аст. Аҳолии ноҳия ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Азбаски Варзоб минтақаи сайёҳист, имконияти васеъ кардани замин нест. Бинобар ин, мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки минбаъд аҳолии ноҳияро аз дигар ноҳияҳо- Рӯдакӣ, Данғара, Қубодиён ва ғайра бо замин таъмин кунанд. Илоҷи дигаре нест.
-Аксарияти аҳолии ноҳия ба кадом корҳо машғуланд?
- Варзоб зиёда аз 80 ҳазор аҳолӣ дорад. Бештари мардум ба соҳибкорӣ, боғдорӣ ва қисми дигар дар муҳоҷирати меҳнатианд.
- Имрӯз пайвастани ҷавонон, махсусан занҳо ба гурӯҳҳои тундрав, рафтани онҳо ба ДИИШ боиси нигаронист. Ҳоло аз ноҳияи Варзоб чанд нафар ба Сурия рафтаанд?
-Дуруст мегӯед, ки пайвастани ҷавонон, аз ҷумла, бонувон моро, ҳам ба ташвиш меорад. Дар ноҳияи Варзоб низ ин ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Полковник Гулмурод Ҳалимов, аз ҷамоати Чорбоғи ноҳия аз қабили онҳост. Умуман, дар ноҳия 5 нафар ба “Давлати исломӣ” ба Сурия рафтаанд, ки ягонтои онҳо барнагаштаанд.
-Аз хонаводаи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дидан кардаед, аҳволашон чӣ гуна аст? Аҳли оилаи ӯ чї њол доранд? Мардуми ноҳия нисбати полковник чӣ мегўянд?
- Баъди шунидани ин ҳодиса мо бо сокинони деҳаи Дараифонӣ, ҷамоати доҳоти Чорбоғ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ доштем. Яке аз бародарони полковник, ки директори мактаб будааст ва хешу таборон иштирок доштанд. Ҳама аз ноҷавонмардии полковник ҳарф заданд. Наход, давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароит ва имтиёзҳои давлатиро барои Ҳалимов муҳайё созаду боз ба ин амал даст занад? Дар ҳайратанд, ки чӣ гуна як шахси соҳибмаълумот ба ин роҳи нангин рафт. Ҳатто, падари полковник, ки ба синни 90 мерасад, фарзандашро хоини Ватан номид. Нону хоки Тоҷикистон ӯро кӯр мекунад. Намак хӯрда дар намакдон туф кардан номардист..
-Варзишро қосиди сулҳ меноманд. Барои оммавӣ гардонидани варзиш Шумо чӣ корҳоро ба анҷом мерасонед? Ҳамчунин, чанд варзишгарони ноҳияро ном мебурдед, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта шудаанд.
-Мо дар ҳама риштаҳои варзиш чеҳраҳои намоён дорем. Онҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баромад карда, соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Бояд қайд намоям, ки дар ноҳия ягона мактаби лижаронӣ ҳаст, имсол дар чемпионати ҷаҳон дар лижаронӣ варзишгарони мо ҳам иштирок дошта, сазовори ҷой шуданд. Ҳамчунин, Ҳомид Мирзоев ном сокини ноҳия, ки ҳоло дар Русия иқомат дорад, командаи футболи “Варзоб”-ро ташкил намудааст. Командаи “Варзоб” дар чандин бозиҳои футбол иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
-Ҳамчун раис, рушди минбаъдаи ноҳияро дар чӣ мебинед?
-Ноҳия инъикосгари Тоҷикистон аст. Агар бо гирифтани номи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гӯянд, бо гирифтани номи Душанбе Варзоб ба ёди ҷаҳониён меояд. То ин замон нақшаи кулли ноҳия набуд. Мо инро тайёр карда истодаем ва то соли охир ба Президенти мамлакат пешниҳод менамоям. Дар он ҷо шакли шаҳрсозӣ дар куҳ аст, ки фарогири 100 га замин мебошад. Ин таҷриба дар дигар давлатҳо, махсусан Туркия, Кавказ ҳам ҷой дорад. Мо дар ин хусус тамоми хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдорро гирифтем. Замин ҳам барои сохтани ин гуна иншоотҳои баландошёна тобовар мебошад. Албатта, ин аз ҳисоби маблағи соҳибкорон бунёд меёбад. Аллакай соҳибкорон ба ин таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.
Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода,
Суратгир: Дидор Саъдуллоев