
Намояндагони Вазорати мудофиаи Афғонистон барои паррондани ду снаряди иштибоҳӣ ба хоки Тоҷикистон расман бахшиш пурсидаанд.
Ин ду снаряд аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаи Дарқади вилояти Тахор, ҳаммарзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба гурӯҳи Толибон як ҳафта пеш партоб шуд.
Як мақоми баландпояи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст,ки “аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон аз силоҳи навъи миномёт ду маротиба наздик ба деҳаҳои наздимарзӣ парронда шуд, аммо аз он касе осеб надид.” Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳамлаи ҷавобӣ омодагӣ мегирифтанд, ҷониби Афғонистон иштибоҳ будани ин тирпарониро шарҳ дода, расман маъзарат хостааст.Ин аввалин тирпарронӣ аз он тарафи марз ба сӯи Тоҷикистон дар чанд соли ахир буд.