
Дар ҳудуди вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2015 дар маҷмӯъ 3441 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаи соли 2014 ба 2859 адад баробар буд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 582 ҷиноят ё худ 20,36 дар сад зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо соли гузашта 90,7427 буда, имсол 91,98 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, мақомоти прокуратураи вилоят 146 (169) ҷиноятҳои аз қайд пинҳонмондаро ошкор намуд, ки марбут ба онҳо аллакай 24 парвандаи ҷиноятӣ ба суд фиристода шуд, -зикр кард прокурори вилояти Суғд. Аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура ва Раёсати амнияти миллӣ 92 (12) парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба терроризм ва экстремизм нисбати 236 (21) нафар оғоз ва тафтиш карда шуд.
Тибқи гуфтаи прокурори вилояти Суғд дар нимсолаи якум дар миқёси вилоят 136 (2014-136) нафар, аз ҷумла, 55 (2014-69) нафар занҳо, 81 (2014-67) нафар мардҳо даст ба худкушӣ задаанд, ки ба ҳамин давраи соли 2014 баробар мебошад. Дар ин давра дар 7 (2014-17) ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.
Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов, гуфт миёни 143 кормандони прокуратураи вилоят атестатсияи ғайринавбатӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин кормандони ин мақомот ба ҷиноятҳои гирифтани пора, қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ, сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон бо мақсади тамаъҷӯӣ ва дигар ҷиноятҳо даст задаанд 18-тоаш вобаста ба ҷинояти гирифтани пора мебошад.
Фарзона Муродӣ