Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Грантҳои президентиро кӣ “обулой” мекунад?

$
0
0

Аз  118 гранти президентӣ, ки тайи солҳои 2013-2014 дар ҳаҷми 2,9 миллион сомонӣ барои занони кишвар ҷудо шудаанд, дар 22 ҳолат 500 000 сомонии онро масъулину миёнаравҳо тариқи сохтакорӣ аз худ кардаанд. 

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби назди Ҳукумати Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки ин сохтакориҳо зимни санҷиш дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ошкор шуда, то ҳол 68 ҳазор сомонии он ба буҷа барқарор карда шуд: “Дар кумитаи мазкур барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон, касбомӯзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар солҳои 2013-2014 118 гранти президентӣ ба маблағи 2,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Аммо дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва беназоратии шахсони масъули соҳа аз ҷониби занҳои соҳибкор ва шахсони миёнарав бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтакорона маблағҳои грантӣ дар 22 ҳолат дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ аз они худ карда шудаанд”. 

Раиси Палатаи ҳисоб илова  кард, ки дар муҳосиботи Кумитаи кор бо занон ҳисоботи занҳои соҳибкори вилояти Бадахшон оид ба хароҷоти маблағҳои грантӣ дар 20 ҳолат ба маблағи 385 ҳазор сомонӣ умуман нест: “Ин маблағҳо бе ягон ҳуҷҷати асосшаванда аз эътибор соқит карда шудаанд”. 
Давлатзода таъкид кард, ки дар маҷмуъ аз ҳисоби ин лоиҳаҳо 164 зани хонашин соҳиби ҷойи кор гардидаанд, лекин бар замми ин камбудиҳое низ зимни санҷиш ошкор гардиданд.  Ӯ афзуд, ки барои пурра барқарор кардани маблағҳо ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мавод ирсол гардид. 

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>