
Давлат Ҳабибов, раиси Шӯрои рушди туризми Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳудуди 50 сайёҳи хориҷӣ, ки дар роҳ ба баландтарин қуллаи ИДМ-қуллаи Исмоили Сомонӣ буданд, дар ноҳияи Ҷиргатол дармондаанд. Ҳабибов имрӯз гуфтааст, ки ба далоили амниятӣ, аз ҷумла дар пайи офатҳои табиӣ ба сайёҳон иҷозаи пиёда рафтанро ба қуллаи Исмоили Сомонӣ надодаанд: “Ширкати “Памир Пикс” масъули хизматрасонӣ танҳо барои рафтану омадан буд. Аммо дар пайи ин ҳодиса сайёҳонро феълан бо ҷойи хобу хуроки гарм низ таъмин карда истодаем. Ягон кас аз онҳо шикоят надорад.”. Ҳабибов таъкид намуд, ки дар назар аст, то 1-уми август бо истифода аз чархбол ин сайёҳонро ба қуллаи Исмоили Сомонӣ расонанд: “Ҳозир ҳамаи чархболҳо дар Бадахшон банданд. То 1-уми август бо чархбол онҳоро ба қулла мерасонем”. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаи иҷтимоӣ хабари дармондани сайёҳони хориҷие нашр шудааст, ки гӯиё нияти фатҳи собиқ қуллаи Коммунизм, феълан Исмоили Сомониро доштаанд. Дар изҳорот омадааст, ки ширкати сайёҳии “Памир пикс” нисбати сайёҳон хунукназарию бемасъулиятӣ зоҳир карда, онҳоро ҳатто бо ғизои хуб таъмин намекунад.