
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, имрӯз зимни як ҷаласа протоколи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи монополияи ахбори расмӣ аз ҷониби АМИТ «Ховар»-ро нақзи ҳуқуқӣ номида қайд кард, ки монеъ шудан ба фаъолияти ВАО-и мустақил ба фоидаи ҳукумат нест.
Ҳамчунин Шӯрои ВАО тасмим гирифтааст, ки оид ба протоколи зикршуда ба мақомот мактуб ирсол кунад. Ин тасмим аз ҷониби ҳайати Шӯрои ВАО гирифта шуд.
Addthis: