
Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз 23-юми июл бар асари бемории тӯлонӣ дар сини 35 солагӣ аз дунё даргузаштааст, дар ин бора аз Федератсия Футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, марги ӯро талафоти бузург ба футболи тоҷик арзёбӣ карданд.
Ислом Иззатуллоевич Маҳмадшоев 1-уми майи соли 1980 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Солҳои 1997-1999 дар артиши Тоҷикистон хизмат карда, Донишгоҳи давлатии тиҷоратро хатм намудааст. Аз соли 2004 дар ФФТ ба ҳайси мутахассиси бахши байналмилалӣ ба кор оғоз карда аз соли 2009 ҳамчун ёрдамчии дибари кулли ФФТ, аз соли 2012 ҳамчун раҳбари шуъбаи байналмилалӣ ва аз 2-юми июли соли 2013 ба ҳайси дабири кулли ФФТ кор кардааст. Оиладор, соҳиби се духтару як писар мебошад.
P,S, Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи “pressa.tj” аз марги Ислом Маҳмадшоев андӯҳгин буда ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.
Addthis: