
Вазорати молия ва бонки давлатии “Амонатбонк” пас аз супориши президент Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар кишвар суратҳисоби махсус кушодаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки шахсони саховатпеша метавонанд тариқи ин суратҳисоб ба зарардидагон кӯмак кунанд. Ба иттилои манбаъ аз офатҳои табии рӯзҳои охир сокинони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Ҷиргатол ва ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд зарар дидаанд.
Расонаҳои давлатӣ бо нашри рақами суратҳисоб иттилоъ додаанд, ки президент дар ҷаласаи ҳукумат дар хитоб ба вазирону роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ таъкид намудааст, ки тобеинашонро барои кӯмак маҷбур накунанд ва маҷбуран маошашонро ба суратҳисоб нагузаронанд, чун ин иқдом бояд ихтиёрию самимӣ бошад: