
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, мегӯяд,ки ҳоло дар мавриди нерӯгоҳи Роғун бо Узбекистон нофаҳмие надоранд ва марҳилаи аввали нерӯгоҳ се сол баъд фаъол хоҳад шуд.
Усмонзода изҳор доштааст, ки барои фаъол кардани марҳилаи аввали нерӯгоҳ се сол лозим аст: “Дар марҳилаи аввал ду агрегати 400 мегаваттӣ, дар маҷмуъ бо иқтидори 800 мегават фаъол хоҳанд шуд”.
Вазири энергетика гуфт, ки баъди фаъол кардани марҳилаи аввали Роғун мушкили камбуди барқ дар кишвар ҳал хоҳад шуд. Ӯ таъкид намуд, ки баъди хулосаи мусбати ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Роғун нофаҳмиҳо бо Узбекистон баратараф шудаанд.
Усмонзода инчунин аз ташкили гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон истиқбол карда, илова намуд, ки вақтҳои охир ҷониби Узбекистон дар масоили энергетикӣ истодагарӣ намекунад ва масоили дигари ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистонро низ баррасӣ мекунад.
Зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сохтмони Роғун ваъда дод , ки марҳилаи аввали он саривақт ба истифода дода мешавад ва барои фаъолсозии марҳилаи аввал тамоми техникаю таҷҳизот фароҳам шудааст.