Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Толибон Чордараро гирифтанд, навбат ба Кундуз?

$
0
0

Макомоти  Кундузи Афғонистон тасдиқ карданд, ки дирӯз вулусволии Чаҳордараи ин вилояти наздик ба марзҳои Тоҷикистон суқут карда ҳоло таҳти итоати ҷангиёни Толибон қарор дорад. 

Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундуз гуфтааст, ки  мухолифони мусаллаҳ субҳи шанбе болои пости нерӯҳои давлатӣ ҳамла карда, саранҷом ин вулусволиро тасарруф намудаанд.

"Дар ҳоли ҳозир вулусволии Чаҳордара суқут карда ва тамоми соҳаҳо дар ихтиёри ҷангиён қарор дорад," -- гуфт ӯ. Волии Кундуз афзудааст, ки нерӯҳои давлатии афғон дар 4-километрии Чаҳордара бо ҷангиёни Толибон вориди даргирӣ шуда, қасд доранд, ин вулусволии аз дастрафтаро дубора бозпас гиранд. 

Аз сӯи дигар, нерӯҳои низомие, ки аз вулусволии Чаҳордара ақибнишинӣ кардаанд, гуфтанд, ин минтақа бар асари бетаваҷҷуҳии масъулони маҳалии вилояти Кундуз ба ин ҳол гирифтор шудааст. Яке аз ин сарбозон гуфт, "мо аз ду рӯз ба ин сӯ дар ҳолати муҳосира будем. Вале дар вақташ барои мо кумак нарасид ва билохира вулусволӣ аз даст рафт. Масъулон дар фикри бачаҳои мардум нестанд ва дар пушти деворҳои бузург нишастаанд. Бародар, як теъдод аз сарбозони мо дар вулусволӣ ҳанӯз мондаанд."

Вай дар идома афзуд, "барои мақомоти Кундуз чандин бор занг задем ва хабар додем, аммо касе ба ҳарфҳои мо гӯш накард ва барои мо ҷавоби мусбат надоданд. Аз вулусволӣ берун шудем, чун қариб буд Толибон моро асир бигиранд."

Амриддин Валӣ, муовини Шӯрои вилоятии Кундуз, гуфт, агар вазъият ҳамин гуна идома кунад, эҳтимол шаҳри Кундуз низ аз "контрол"ё назорати нерӯҳои давлатӣ хориҷ бишавад. Ӯ дар сӯҳбати худ бо хабаргузории "Пажвок"низ гуфтааст, "ҳукумати марказӣ ба дархости такрории мо, ки хостем, нерӯҳои иловагӣ фиристода шавад, аҳамият надод ва бетаваҷҷуҳӣ кард."

Даргириҳо дар вилояти Кундуз аз 24 апрели соли ҷорӣ боз идома дорад. Ба иттилои мақомоти афғон, ин даргириҳо то кунун ҳазорҳо танро барои тарки ҷои зисташон маҷбур кардаанд. Қаблан Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундузи Афғонистон гуфта буд, ҷасади 18 ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин вилоятро пайдо кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркияву Чеченистон ҳастанд. Ба қавли Софӣ, ин ҷангҷӯёни хориҷӣ аз Толибон ҳимояти молӣ ва фаннӣ ё техникӣ мекарданд. Волии Кундуз ба ин бовар аст, ки ин афрод фориғуттаҳсили мадрасаҳои Покистону Афғонистон буда, таҷрубаи ками ҷангро доштанд.

 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>