
Шаш нафар варзишгарони вилояти Суғд аз мусобиқаи байналмиллалӣбаргаштанд. Онҳо давоми 4-рӯз дар шаҳри Тюмени ФР дар мусобиқаи байналмиллалӣоид ба бокс байни наврасон иштирок карданд. Варзишгарон бо вазнҳои аз 28 то 52 кило байни ҳам қувваозмоӣнамуданд.
Ин 6-варзишгари тоҷикро сармуррабиёни бокс Саидакмал Мукаррамов ва Баҳром Усмонов ҳамроҳӣнамуданд. Варзишгарон дар мактаби варзишии бачагон ва наврасони захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд машқ мекунанд ва ба мусобиқот омодагӣмебинанд. Ба гуфти муроббиёни гурӯҳи мазкур сафари ин гурӯҳ ба мусобиқаи байналмиллалӣбори аввал буд.
Мусобиқаи байналмиллалӣоид ба бокс, ки дар шаҳри Тюмени ФР доир гардид 180 варзишгар иштирок каранд. Онҳо аз давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, ФР Литва, Беларуссия ва Тоҷикистон буданд.
Дар ин мусобиқа Фирдавс Комилов дар вазни 30 кило ҷои 3-юм, Усмон Имонқулов ва Аминҷон Юсупов ҷойхои 2- юм Достон Дӯстматов ҷои 1-умро ишғол намуданд.