Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Дар Бадахшон боз сел, ин дафъа хисороти ҷонӣ дорад

$
0
0

Президенти  Тоҷикистон ба хонаводаи ҳафт қурбонии сел дар ноҳияҳои Ванҷу Рашт изҳори тасаллият кардааст.

Дафтари матбуоти президент  21 июл гуфтааст, ки шаби гузашта бар асари боришоти шадиди борон ва омадани сел 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 тан дар ноҳияи Рашт ҳалок шудаанд. 

Эмомалӣ Раҳмон ба мақомот дастур додааст, ки "аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд".

Дар пайи омадани сел дар мавзеи байни деҳаҳои Бунай ва Рави ноҳияи Ванҷи Бадахшон панҷ сокини ин ноҳия ҷон бохтаанд, ки исмашон чунин  аст: Раҳмиддин Раҳмонов, Саидаҳрор Раҳмонов, Саломатшо Убайдов, Субҳӣ Худойбахшов ва ҳамсариӯ Ҷасадҳо субҳи 21 июл ёфт ва ба наздиконашон супурда шудааст.

Бар асари борони шадид дар деҳаи Рохарв – маркази ноҳияи Ванҷ низ сел омада, чандин иншоот ва хонаҳои сокинонро вайрон намудааст. Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи ҳукумати Бадахшон, 21 июл гуфтааст, ки ҳоло муовини сарвазири Тоҷикистон - Азим Иброҳим ва раиси вилояти Бадахшон - Шодихони Ҷамшед ба ноҳияи Ванҷ рафтаанд. Ба қавли Асламшоева, дар ноҳияи Ванҷ, инчунин, ду мошини борбар ва як экскваторро, ки аз Душанбе ба Хоруғ оварда мешуданд, сел бурда ва як ронанда низ ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои Ҳамдулло Шарифов, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ғарм, шаби гузашта сел дар рустои Бедаки ин ноҳия низ  ҳудуди 70 манзилро вайрон карда, ҷони Мунавваршоҳ Сироҷовяк сокини 28-сола ва маъюби гурӯҳи якумро гирифтааст.

 

Fatal error: Call to undefined method DateTime::setTimestamp() in /home/pressatj/domains/pressa.tj/public_html/sites/all/modules/nbt_currency_rates/nbt_currency_rates.module on line 27

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>