Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон 30 май мизимудавварбаргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи мазкур Идигул Қосимзода, муовинони ректорони донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт оид ба тарбия, раисони Шӯрои занон ва зиёда аз 70 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар иштрок карданд. Иштирокдорон дар доираи Барномаи далатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ҷиҳати андешидани чораҳо барои соҳиби ихтисосҳои камёфт гардидани занону духтарон андешаронӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳим аз байн бурдани ақидаҳо оид ба касбҳои занона ва мардона мебошад.
- Хусусияти иҷтимоишавии фард то ба имрӯз таъсири худро ба интихоби касби духтарон расонида истодааст. Ин аст, ки имрӯз шумораи занон дар соҳаи иҷтимоӣ аз 50% боло рафта, дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла муҳандисӣ, металлургӣ, информатика, дипломатия ва менеҷмент ҳоло ҳам кам аст, зеро дар аксар мавридҳо ба ин касбҳо ҳамчун касбҳои “мардона” баҳогузорӣ карда мешаванд», -гуфт И. Қосимзода.
Ҳадаф аз ташкили ин мизи мазкур ҷалби бештари духтарон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои муҳандисӣ, металлургӣ, ҳисобу информатика, энергетика, геологӣ, менеҷмент ва муносибатҳои байналмиллалӣ мебошад.