
Тоҷикистон теъдоди марзбононаш дар марзи Афғонистонро бештар кардааст.
Бинобар гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии Тоҷикистон: “Низомиён дар марз бо Афғонистон аз ҳисоби наваскарон ва хатмкунандаҳои мактабҳои ҳарбӣ афзоиш ёфтаанд”.
Гуфта мешавад ин иқдом ба хотири таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон сурат гирифтааст.
Бештар кардани теъдоди сарбозон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолест, ки мақомоти тоҷику рус аз чанде боз аз таҳдиди "Давлати исломӣ"ба кишварҳои Осиёи Миёна сухан мегӯянд. Ин мақомот мегӯянд, эҳтимоли рахнаи марзи кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷониби "Давлати Исломӣ"аз эҳтимол дур нест.
Addthis: